Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бавария" бо "Реал" ва "Ливерпул" бо "Рома" рӯбарӯ мешаванд


Бар асоси қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи УЕФА дар Швейтсария доир шуд, ҷуфтҳои ширкаткунандаи даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо маълум шуданд. «Бавария»-и Олмон бо «Реал»-и Испания ва «Ливерпул»-и Англия бо «Рома»-и Италия рақобат мекунанд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо рӯзҳои 24-ум ва 25-уми апрел, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 1-ум ва 2-юми май баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо 26-уми май дар варзишгоҳи «Олимпийский»-и шаҳри Киев, пойтахти Украина, баргузор мешавад. Ғолиби ҷуфти «Бавария» – «Реал» мизбони бозии ниҳоӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, сенсатсияи асосии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ин пирӯзии “Рома” ба шарофати голе, ки дар меҳмонӣ ба дарвозаи “Барселона” зада буд, ба шумор меравад. Бозии аввалро итолиёвиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:4 бохтанд, вале дар майдони худ “Барселона”-ро бо ҳисоби бузурги 3:0 шикаст доданд.

Рақобати «Реал»-и Испания ва «Ювентус»-и Италия низ дар чорякфинал хеле ҷолиб буд. Дар бозии аввал испаниҳо дар меҳмонӣ рақибашонро бо ҳисоби 3:0 шикаст доданд, вале дар хона се гол хӯрданд ва голи ҳалкунандаро танҳо дар сонияҳои охирини бозӣ аз пеналтӣ ба ҳадаф расонданд - 1:3.

Дар рақобати ду бошгоҳи англисӣ «Ливерпул» ду бор «Манчестер Сити»-ро дар хона бо ҳисоби 3:0 ва дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, ба нимфинали Лигаи қаҳрамонҳо баромад.

«Бавария»-и Мюнхен «Севиля»-и Испанияро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бозии ҷавобӣ бошад, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Ба ин тартиб, ба нимфинали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо «Бавария», «Ливерпул», «Реал» ва «Рома» роҳ ёфтанд.

XS
SM
MD
LG