Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко гуфт, ки Украина аз ҳайати ИДМ хориҷ мешавад


Петр Порошенко
Петр Порошенко

Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, ки кишвараш тасмим дорад, аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) берун шавад ва бахши созишномаи шарикӣ бо Русияро бекор кунад.

Порошенко рӯзи 12 апрел дар як ҳамоиши амниятӣ дар шаҳри Киев гуфт, ки аз ҳукумати Украина дархост кардааст, барои бурунрафти Украина аз ҳайати ИДМ чораҳои зарурӣ андешад.

ИДМ соли 1991, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, Украина аз он замон то ба ҳол узви нозири ин созмон буд.

"Украина ҳеч гоҳ узви воқеии ИДМ набуд. Ман ба ин далел, ки созмон аз маҳкум кардани таҷовузкориҳои Русия зидди Украина худдорӣ кард, хостам, дар якҷоягӣ бо ҳукумат пешниҳоди қатъи расмии узвияти кишвари худ дар назди ниҳодҳои ойинномавии ИДМ-ро омода кунем", - изҳор дошт президенти Украина.

Порошенко ҳамчунин ба иштирокдорони ҳамоиш гуфт, ба порлумон лоиҳаи қонуни "қатъи фаврӣ ва якҷонибаи амрҳои алоҳидаи созишномаи дустиву шарикӣ бо Русияро, ки бо манофеи кишвараш мухолифанд", пешниҳод хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG