Давлатмурод Наҳтуллозода, мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Ташкили фурӯши амволи давлатӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, раиси нави Федератсияи самбои Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин симмат Хайрулло Назриевро, ки бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо додааст, иваз намуд.
Зимнан, Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ба далели қарздорӣ ё напардохтани ҳаққулузвият дар муддати се соли ахир ба маблағи 900 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро аз ҳаққи ширкат дар ҳамагуна мусобиқоти байналмилалӣ, ки таҳти сарпарастии FIAS доир мегардад, маҳрум кардааст.
Хайрулло Назриев, раиси собиқи Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мутаассифона, солҳои охир федератсияи мо бо вазъи мушкили молӣ рӯбарӯ шуда буд. Мо сарпараст надоштем. Бинобар ин, натавонистем, ки ҳаққи узвиятро пардохт намоем. Умедворем, ки дар ниҳоят Федератсияи самбо сарпараст пайдо мекунад ва раиси нав, пеш аз ҳама, масъалаи пардохти қарзҳои ҳаққи узвиятро ҳал менамояд, то ин ки варзишгарони мо тавонанд дар ҳамаи мусобиқоти муҳими имсола иштирок намоянд."
Ба қавли Хайрулло Назриев, самбо барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст. Мусобиқаи самбо дар доираи Бозиҳои XVIII осиёӣ аз 31-уми август то 1-уми сентябри имсол дар Ҷакартаи Индонезия баргузор мешавад.
– Ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудани самбо ин орзуи дерини ҳамаи самбочиёни қитъаи мо мебошад. Мо беш аз 20 сол дар ин бора мегуфтем ва фикр мекардем. Ниҳоят, орзуи мо амалӣ шуд. Ин мусобиқаи бузургтаринест, ки дар қораи Осиё барпо мегардад. Ва аз рӯи натиҷагирии Бозиҳои осиёӣ мо таваҷҷуҳи боз ҳам бештарро ба намуди дӯстдоштаамон чашмдорем. Бовар дорам, ки самбо дар Бозиҳои бузурги осиёӣ мавқеи сазоворро касб мекунад”, - иброз дошт Хайрулло Назриев, паҳлавони маъруфи тоҷик дар намудҳои самбо, ҷудо ва гуштии миллӣ.
Бояд гуфт, ки самбо аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар Тоҷикистон яке аз намудҳои маъмули варзиш ба шумор меравад. Варзишгарони тоҷик дар ин намуд ба дастовардҳои бузург муваффақ шудаанд. Ду паҳлавони тоҷик – Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯзи Хоҷазода - ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд.
Дарвоқеъ, ба Беҳрӯзи Хоҷазода пас аз 42 соли пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни зери 100 кило дар Мински Беларус муяссар шуд, ки медали тиллоро ба даст орад. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило мақоми аввалро касб намуд.
Масхараги! Давлат не армия! Либосхои мардум ро хам сафед кунед!
Он нафароне ки аз дасти ин қимор бозон шикоят доранд, агар бурди калон карда сӯйи хона мерафтанд оё он замон ҳам шикоят мекарданд? Албатта не. О пули аз қимор омада ҳаром аст. Барои чи ба пули ҳаром дил кашол карди
муҳтарам Радиои Озодӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем ҳадди аққал дар рузҳои моҳи шарифи Рамазон ба бозорҳои Ноҳияи Панҷ ташриф биёред, бовар кунен Нархи маҳсулоту хурокора чихеле ки форашон савдогарон амухел нархора мемонан, Ноҳияи Панҷ медонед Соҳиб надорад, бахудо ягон меъда пешрави надорад илтимос Озодӣ паҳн кунед
Радиои Озодӣ, чихеле ки хондам навистаҳои шумо асос надоранд, рост рузи 17 уми апрел муноқиша ба амал омад, лекин мақомати Тоҷикистон хомуш нашудааст раиси шаҳри Исфара ба ҷои ҷанҷоли ҳозир шуд. чаро дуруғ нашр мекунед
Барои онки шиносхои хукумати доранд, дар Саховат Корвон , Цум низ хастанд чунинхо