Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 бар тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии даври севуми гурӯҳи “D” шаби чоршанбеи 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Баъди натиҷагирии даври севуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад.

Ҳарчанд дар нимаи аввали дидор бозигарони ҳарду даста барои голзанӣ лаҳзаҳои фаровон доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд. Нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷумҳои паиҳами футболбозони тоҷик шуруъ шуд.

Дар ибтидои нимаи дувум меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ муқобили ҳамлагари “Истиқлол” Шериддин Бобоев қоидаи бозиро вайрон карданд. Сардовари бозӣ Бежан Ҳайдарӣ аз Эрон ба дарвозаи “Олой” ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 48-ум ба ҳадаф расонд. Ин голи ягона ба “Истиқлол” се имтиёз овард.

Зимнан, дарвозаи “Олой”-ро дар ин бозӣ шогирди футболи тоҷик, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов ҳимоя кард. Маҳорати баланди ӯ дарвозаи “Олой”-ро чандин маротиба аз гол эмин дошт. Маҳкамов беҳтарин бозигари ин дидор эътироф шуд.

Ҷоми АFC-2018. Сабқати гурӯҳӣ

Даври 3-юм

«Истиқлол» - «Олой» - 1:0

Гол: Фатҳулло Фатҳуллоев, 48

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Давронҷон Эргашев, Николай Зенко, Шериддин Бобоев (Дилшод Восиев, 60), Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 82), Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Ромиш Ҷалилов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 90+2), Эҳсони Панҷшанбе).

«Олой» (Қирғизистон): Абдуазиз Маҳкамов, Улуғбек Рисқулов (Нурсултон Атамурзаев, 75), Илёс Олимов, Одилҷон Абдураҳмонов, Амир Шарифӣ, Алиа Силла, Мақсад Олимов, Акрамҷон Умаров, Шӯҳрат Раҳмонов, Коҷо Ҷоел, Шоҳмурад Мансуров (Алдиарбек Қобилбеков, 79).

Бозигари беҳтарини дидор: Абдуазиз Маҳкамов («Олой»).

Огоҳӣ гирифтанд: Давронҷон Эргашев, Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Улуғбек Рисқулов, Алиа Силла, Шӯҳрат Раҳмонов («Олой»).

Сардовар: Бежан Ҳайдарӣ (Эрон).

11-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 8500 тамошобин.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC -2018 ғалабаи дувум ба даст овард. Қаҳрамони Тоҷикистон пеш аз бозӣ муқобили “Олой” дар даври аввал дар майдони худ бар тими “Аҳал”-и Туркманистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бозии дувумашро дар меҳмонӣ бо тими “Алтин Асир”- и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буд. Вале дастаи “Олой” дар ҳарсе бозиаш шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар ҳарду бозии рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми AFC дастаи “Истиқлол” тими “Олой”-ро дар майдони худ бо ҳисоби 3:1 ва дар меҳмонӣ бо ҳисоби 4:1 шикаст дода буд.

Дар бозии дигари даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон – «Аҳал» ва «Алтин Асир» - бо ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври севуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Алтин Асир” бо 5 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. “Аҳал” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум аст. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Бозии даври 4-уми мусобиқа дар гурӯҳи “D” рӯзи чоршанбеи 25-уми апрел баргузор мешавад. “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо «Олой» ва “Алтин Асир” дар майдони худ бо “Аҳал” рақобат мекунанд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябри имсол барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум, 7-уми март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0

«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6

Даври 2-юм, 13-уми март (сешанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0

14-уми март (чоршанбе)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2

Даври 3-юм, 11-уми апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон) – 1:0

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) – 0:0

Даври 4-ум, 25-уми апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум, 2-юми май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум, 16-уми май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

vМавқеи дастаҳо дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “D”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

2

1

0

4-2

7

2

«Алтин Асир» (Туркманистон)

3

1

2

0

8-5

5

3

«Аҳал» (Туркманистон)

3

1

1

1

5-1

4

4

«Олой» (Қирғизистон)

3

0

0

3

3-12

0

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG