Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони то 19-сола таркиб ёфтааст, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ин ҷамъомад, ки то рӯзи 15-уми апрел идома хоҳад кард , сармураббии даста Мубин Эргашев 23 бозигарро даъват кардааст. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Шарҷа гузаронидани ду бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифтааст. Бозии аввал имрӯз, 11-уми апрел ва бозии ҷавобӣ 14-уми апрел баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола аз 18-уми октябр то 4-уми ноябр дар шаҳрҳои Ҷакарта, Бекаси, Сикаранг, Сибинонг ва Бандунги Индонезия баргузор мешаванд. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳӣ ибтидои моҳи май, замоне ки қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқа барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб:
Дарвозабонҳо: Ҳомидҷон Исоқов, Далер Азизов, Шоҳрух Қирғизбоев (ҳарсе – «Барқчӣ»);
Ҳимоятгарон: Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдои Гулмурод, Оятулло Сафаров, Зиёвуддин Фузайлов (ҳама – «Барқчӣ»), Алишер Баротов («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Саидмухтор Азимов, Шервонӣ Мабатшоев, Тоҳир Малодӯстов, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Маҳмадзарифи Абдураҳим (ҳама – «Барқчӣ»), Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев, Атҳамҷон Абдуллоев (ҳарсе – «Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Яке аз Мағриб гирифтӣ, яке аз Шағрыб. 83 мавзуъра "палпечон кардӣ якбора. Кӣ аз хатти форсӣ маҳрум карда бошад? Ютубу Инстаграма "ба ҳавас" камтар тамошо кун, майнаат тоза меистад.
Савол ба "держава"-и низомии Путин Ба фикрам кам кам дарси иловагӣ мегири чи аз фолбинҳо?
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам