Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар паи суқути ҳавопаймои низомӣ дар Алҷазоир 257 нафар кушта шуд


Дар паи суқути ҳавопаймои артиши Алҷазоир рӯзи 11 апрел дасти ками 257 нафар кушта шуд. Матбуот хабар дод, ки дар дохили ҳавопаймое, ки дар наздикии фурудгоҳи Буфарик суқут кард, низомиён ҳузур доштанд. Дар миёни қурбониҳо инчунин 26 узви ҷабҳаи Полисарио буданд.

Ин гурӯҳи низомӣ барои истиқлолияти Саҳрои Ғарбӣ аз Марокаш мубориза бурдааст. Ҳавопаймо чанд лаҳза баъди баланд шудан аз фурудгоҳи низомии Буфарик суқут кард. Як хабаргузории расмӣ гуфт, ки ҳавопаймои сохти шӯравии Ил-76 ба самти шаҳри Башор, воқеъ дар ҷанубуғарби Алҷазоир ҳаракат мекард. Феълан сабаби суқути ҳавопаймо маълум нест.

Буфарик дар фосилаи 30-километрии пойтахт, шаҳри Алҷазоир ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG