Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон 14 даста ширкат меварзад


Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи 14-уми апрел оғоз меёбад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар мавсими нав дар лигаи аввал 14 даста ширкат меварзад.

Инҳо дастаҳои «Истаравшан» (Истаравшан), «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Зарбдор» (Исфара), «Саройкамар» (Панҷ), «Равшан» (Кӯлоб), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Зарафшон» (Панҷакент), «Ҳулбук» (Восеъ), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Шоҳин» (Муъминобод), «Сомон» (Данғара), «Эсхата» (Хуҷанд), «Душанбе-83» (Душанбе) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) мебошанд.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи имсола дар даври аввал ҳафт бозӣ миёни дастаҳои «Зарбдор» – «Эсхата», «Равшан» – «Шоҳин», «Истаравшан» – «Ваҳдат», «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83», «Саройкамар» – «Сомон», «Дӯстӣ» – «Парвоз» ва «Зарафшон» – «Ҳулбук» барпо мегардад. Бозиҳои даври аввал рӯзҳои 14-ум ва 15-уми апрел баргузор мешаванд. Тақвими комили бозиҳои лигаи аввали Тоҷикистон баъди тасдиқи он нашр хоҳад шуд.

Мусобиқаи имсола аз ду давра иборат аст. Ҳар як даста 26 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи аввалро мегирад, соҳиби роҳхат ба лигаи олӣ дар мавсими соли 2019 мешавад. Дастае, ки ҷойи дувумро ишғол мекунад, бо тиме, ки дар мусобиқаи лигаи олӣ-2018 дар ҷойи пешазохирин қарор мегирад, барои ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими соли 2019 мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи соли гузаштаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи "Кӯктош" анҷом ёфта буд. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ феълан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ширкат доранд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 1-ум

14-уми апрел (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Зарбдор» – «Эсхата»

«Равшан» – «Шоҳин»

15-уми апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 16:00

«Истаравшан» – «Ваҳдат»

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83»

«Саройкамар» – «Сомон»

«Дӯстӣ» – «Парвоз»

«Зарафшон» – «Ҳулбук»

XS
SM
MD
LG