Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Озарбойҷон интихоботи президентӣ ҷараён дорад. ВИДЕО


Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Боку иштирок карданд

Дар Озарбойҷон интихоботи зудраси президентӣ ҷараён дорад ва интизор меравад, ки раиси ҷумҳурии амалкунанда Илҳом Алиев барои бори чорум баранда эълон шавад. Мӯҳлати президентӣ 7 сол муқаррар шудааст ва шубҳае нест, ки президенти худкома шароити пирӯзӣ дар интихоботро ин дафъа ҳам таъмин кардааст. Аксар ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Озарбойҷон дар интихобот иштирок намекунанд ва ба бойкоти овоздиҳӣ даъват кардаанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони ҳуқуқи башар ва матбуоту журналистони мустақил ҳукумати Алиеви 56-соларо барои таъқиби мухолифон ва мунаққидони ҳукумат интиқод мекунанд. Алиев баъди даргузашти падараш Ҳайдар Алиев дар соли 2003 сари қудрат омад. Моҳи феврали имсол Алиев гуфт, ки мӯҳлати баргузории интихоботро дар Озарбойҷон аз 17 октябр ба 11 апрел мекӯчонад. Ҳукумат гуфт, ки чунин зарурат ба хотири ҷилавгирӣ аз эҷоди ихтилоф дар ташкили интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2025 гирифта шудааст.

Интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон. Номзади аслӣ - Алиев
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:46 0:00

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG