Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии севумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 муқобили тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, баргузор мекунад. Ин бозии гурӯҳи “D” имрӯз, 11-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар бозии дигари даври севуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон – «Аҳал» ва «Алтин Асир» - бо ҳам рақобат мекунанд.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, дар як нишасти хабарӣ, ки дар арафаи ин бозӣ рӯзи 10-уми апрел дар Душанбе доир шуд, гуфт, “агар касе гумон кунад, ки бозӣ муқобили “Олой” осон мешавад, сахт хато мекунад. Ҳарчанд “Олой” дар ду бозии аввали Ҷоми АФК бо ҳисоби бузург шикаст хӯрдааст, ин тасаввуроти фиребкунанда аст, агар ҳама фикр намоянд, ки бозии фардоина осон ва оддӣ хоҳад буд. Мо бозиҳои “Олой”-ро муқобили «Алтин Асир» ва «Аҳал» тамошо кардем. Фардо шумо худатон мебинед, ки бозигарони “Олой” чигуна задухӯрд, занозанӣ мекунанд, бозӣ осон намешавад. Бинобар ин мо бозии осонро интизор нестем. Аз фурсат истифода карда, лутфан мухлисонамонро ба варзишгоҳ даъват мекунем. Бозигарон ҳамеша аз он руҳбаланд мешаванд, ки агар ҷойгоҳҳои варзишгоҳ пур аз мухлисон бошад. Мо дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки тамоми қувваамонро барои пирӯзӣ сарф намоем”.
Дар ин нишаст Неъмат Кошоков, сармураббии дастаи “Олой”, гуфт, ки мекӯшанд муқобили “Истиқлол” бозии хуб нишон бидиҳанд. Ӯ афзуд, “мо дар бораи рақибамон иттилои кофӣ дорем. Бо «Истиқлол» соли гузашта ду бозӣ кардем, ҳарду бозиро бохтем, вале мо қувваи рақибамонро медонем. Мутаассифона, дар мусобиқаи имсола дар ибтидо ду бозиро бохтем. Вале бе бохт пирӯзӣ намешавад. Мо хатоҳоямонро таҳлил намудем. Умедворем, ки хатоҳо такрор намешаванд. Ва ман гуфтаниям, ки дар голҳои хӯрдаамон дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов айбдор нест. Мо ба ӯ комилан бовар дорем.”
Зимнан, дарвозаи “Олой”-ро шогирди футболи тоҷик, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов ҳимоя мекунад.
Дар бозии дигари даври севуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон – «Аҳал» ва «Алтин Асир» - бо ҳам рақобат мекунанд. Ин бозӣ соати 18:00 оғоз меёбад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “D” дастаҳои “Алтин Асир” ва “Истиқлол” бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Алтин Асир” дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” дар ҷойи дувум қарор доранд. “Аҳал” бо сеимтиёз дар ҷойи севум мебошад. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.
Ҷоми AFC-2018
Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ
Даври 1-ум, 7-уми март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0
«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6
Даври 2-юм, 13-уми март (сешанбе)
““Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0
14-уми март (чоршанбе)
Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2
Даври 3-юм, 11-уми апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)
“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
Даври 4-ум, 25-уми апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Даври 5-ум, 2-юми май (чоршанбе)
“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум, 16-уми май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
2 |
1 |
1 |
0 |
8-5 |
4 |
2 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-2 |
4 |
3 |
«Аҳал» (Туркманистон) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-1 |
3 |
4 |
«Олой» (Қирғизистон) |
2 |
0 |
0 |
2 |
3-11 |
0 |