Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон оид ба гуштии миллӣ


Дар мусобиқаи гуштии миллӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 7-8-уми апрел дар ноҳияи Рашт доир шуд, варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон (ду даста), шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ва минтақаи Рашт ширкат карданд.

Мусобиқа дар 7 вазн сурат гирифт. Дар се вазн паҳлавонони Душанбе – Дилшод Сафаров (75 кг), Мақсад Бердиев (90 кг) ва Довуд Соҳибназаров (100 кг), дар ду вазн варзишгарони ВМКБ – Далер Қурбонҷонов (60 кг) ва Салмон Раҳмихудоев (70 кг), дар як вазн гуштигир аз Хатлон Баҳром Суфиев (65 кг) ва дар як вазни дигар намояндаи шаҳру навоҳии тобеи марказ Азамат Бурунов (80 кг) ғолиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди гуштии миллӣ

Вазни 60 кг
1. Қурбонҷонов Далер, ВМКБ
2. Тошматов Исмоилҷон, ШНТМ
3. Мизробзода Амирҳамза, Хатлон-2
3. Ҳасанов Нушервон, Рашт

Вазни 65 кг
1. Суфиев Баҳром, Хатлон-2
2. Зайдуллоев Наврӯз, Душанбе
3. Абдуллозода Тилло, Суғд
3. Азизов Алиакбар, ШНТМ

Вазни 70 кг
1. Раҳмихудоев Салмон, ВМКБ
2. Ташрифов Сарафроз, Рашт
3. Каримов Баҳриддин, Хатлон-1
3. Тоиров Идибек, ШНТМ

Вазни 75 кг
1. Сафаров Дилшод, Душанбе
2. Аламов Хусрав, ШНТМ
3. Давлатов Суҳроб, Суғд
3. Маҳобуллои Хуршед, Хатлон-2

Вазни 80 кг
1. Бурунов Азамат, ШНТМ
2. Раҷабов Ҳамроз, Суғд
3. Асматбеков Мамадниёз, ВМКБ
3. Ҷумъаев Забир, Хатлон-2

Вазни 90 кг
1. Бердиев Мақсад, Душанбе
2. Боқиев Бежан, ВМКБ
3. Зулфиқоров Маҳмадраҷаб, Рашт
3. Юсупов Муҳаммадкабор, Суғд

Вазни 100 кг
1. Соҳибназаров Довуд, Душанбе
2. Сайраҳмонзода Сайидашраф, Рашт
3. Бегов Балаҷон, Хатлон-2
3. Раҳматуллоев Умед, Хатлон-1

Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки то 2-юми май идома меёбанд, 11 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарон боз аз рӯи 10 намуд дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Истаравшан ва ноҳияи Ашт рақобат мекунанд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар чор сол як маротиба барпо мегарданд, барои дарёфти чеҳраҳои нав ва ба ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат менамоянд.

Барномаи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018

Баскетбол. (мардон) 13-17 апрел. Шаҳри Истаравшан

Баскетбол (занон). 21-25 апрел. Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон)

Бокс. 7-11 апрел. Ноҳияи Ашт

Вазнабардорӣ. 5-6 май. Шаҳри Кӯлоб

Варзиши сабук. 28-29 апрел. Шаҳри Душанбе (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ)

Волейбол (мардон). 21-25 апрел. Шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)

Волейбол (занон). 28 апрел - 2 май. Вилояти Суғд

Гуштии озод. 14-15 апрел. Шаҳри Душанбе (Толори варзишии “Манеж”)

Гуштии юнониву румӣ. 28-29 апрел. Шаҳри Кӯлоб

Самбо. 21-22 апрел. Вилояти Суғд

Таэквондо ВТФ. 5-6 май. Шаҳри Турсунзода

Ҷудо. 5-6 май. Вилояти Суғд.

XS
SM
MD
LG