Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” бо “Олой” дар Ҳисор доир мешавад


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии севумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 муқобили тими «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 11-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, футболбозони қирғиз, ки 8-уми апрел ба Душанбе омаданд, дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” будубош мекунанд. Меҳмонон субҳи имрӯз, 10-уми апрел, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин карданд. Тамрини дувуми дастаи “Олой” шоми сешанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Зимнан, дастаи “Олой”, ки 1-уми апрел дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и шаҳри Ҷалолобод дар бозӣ барои Суперҷоми Қирғизистон тими «Дордой»-и Бишкекро аз рӯи силсилаи пеналтӣ (ҳисоби замони асосӣ ва изофӣ – 2:2) шикаст дод, паиҳам соли дувум бо Ҷоми олӣ мукофотонида шуд. Дарвоқеъ, дарвозаи “Олой”-ро шогирди футболи тоҷик, узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон Абдуазиз Маҳкамов ҳимоя мекунад.

Дар бозии дигари даври севуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел ду бошгоҳи Туркманистон – «Аҳал» ва «Алтин Асир» - дар Ишқобод бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Баъди натиҷагирии даври дувуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “D” “Алтин Асир” ва “Истиқлол” чоримтиёзӣ гирифтаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Алтин Асир” дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” дар ҷойи дувум қарор доранд. “Аҳал” бо сеимтиёз дар ҷойи севум мебошад. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Қаҳрамони Тоҷикистон бозии дувумашро 14-уми март дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон бо тими «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум, 7-уми март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0

«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6

Даври 2-юм, 13-уми март (сешанбе)

““Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0

14-уми март (чоршанбе)

Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2

Даври 3-юм, 11-уми апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум, 25-уми апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум, 2-юми май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум, 16-уми май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Алтин Асир» (Туркманистон)

2

1

1

0

8-5

4

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

1

1

0

3-2

4

3

«Аҳал» (Туркманистон)

2

1

0

1

5-1

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

2

0

0

2

3-11

0

XS
SM
MD
LG