Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафӣ дар лигаи олӣ ба "Хуҷанд" гузашт


Даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 8-уми апрел ба поён расид. Бозии марказии ин давр дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев, бозигари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 18-ум ҳисобро боз кард. Баъди 14 дақиқа Саидамири Саидаҳмад ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми мизбононро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 65-ум ба самар расонд.

Дар бозии дигари даври чаҳорум ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Хатлон»-и Бохтар – бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Зимнан, ин аввалин ғалабаи низомиён дар мусобиқаи имсола мебошад. Ҳарду голро легионери эронии ССКА “Помир” Муҳаммад Алипур ба дарвозаи меҳмонон зад.

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Пирӯзии аввалинро дар мусобиқаи имсола ба “Панҷшер” ду голи Алишери Ҳотам овард.

Ёдовар мешавем, даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ шуруъ шуда буд. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Истиқлол” ба охир расид. Фахриддин Сафарзода, бозигари “Кӯктош”, дар дақиқаи 18-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Баъди ҳашт дақиқа голи дувуми “Истиқлол”-ро Ромиш Ҷалилов ба самар расонд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври чаҳорум дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Хуҷанд», ки сармураббиаш Нуъмонҷон Юсупов мебошад, бо 10 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. Тими «Истиқлол» (сармураббиаш Муҳсин Муҳаммадиев), ки як бозӣ камтар кардааст, бо 9 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. ССКА «Помир»-и Душанбе (сармураббиаш Тоҳир Муъминов) бо 6 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзҳои 13-ум, 14-ум ва 17-уми апрел баргузор мешаванд. Бозии марказии даври навбатӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» 14-уми апрел барпо мегардад. Инчунин се бозии дигари даври панҷум байни тимҳои «Хатлон» – «Кӯктош» (13-уми апрел), «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер» (14-уми апрел) ва «Барқчӣ» – ССКА «Помир» (17-уми апрел) сурат мегирад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 18 (1:0). Саидамири Саидаҳмад, 32 (1:1). Дилшод Бозоров, 65 (2:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), 90+6 – дарвозабон.

Бозигари беҳтарини дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

8-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Хатлон» – 2:1

Голҳо: Холмурод Назаров, 9 (0:1). Муҳаммад Алипур, 77 (1:1). Муҳаммад Алипур, 84 (2:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳаммад Алипур (ССКА «Помир»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

8-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

«Панҷшер» – «Барқчӣ» – 2:0

Голҳо: Алишери Ҳотам, 15 (1:0). Алишери Ҳотам, 48 (2:0).

Бозигари беҳтарини дидор: Алишери Ҳотам («Панҷшер»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

7-уми апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

3

1

0

8-5

10

2

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

7-2

9

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

1

3

0

6-5

6

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

3-4

5

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

4

1

1

2

4-4

4

6

«Хатлон» (Бохтар)

4

1

0

3

4-7

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

0

2

2

3-5

2

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

3

0

1

2

0-3

1

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 3-тӯбӣ.

Даври 5-ум:

13-уми апрел (ҷумъа)

«Хатлон» – «Кӯктош»

14-уми апрел (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

17-уми апрел (сешанбе)

«Барқчӣ» – ССКА «Помир»

Оғози бозиҳо – соати 16:00

XS
SM
MD
LG