Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон дар Ҷоми Аврупо се рақибашро зад, аммо бе медал монд


Сомон Маҳмадбеков
Сомон Маҳмадбеков

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола (Junior European Judo Cup Lignano 2018), ки 7-уми апрел дар шаҳри Лигнанои Италия шуруъ шуд, аз медал бенасиб монд.

Дар Ҷоми Аврупо дар Италия, ки рӯзи якшанбеи 8-уми апрел ба поён мерасад, беш аз 600 варзишгар аз 36 кишвар иштирок дорад. Сомон Маҳмадбеков ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мебошад.

Ӯ рӯзи шанбеи 7-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило дар даври интихобӣ бар рақибонаш Ензо Гибелли (Фаронса, 2:19, иппон), Адам Бидзовски (Ҷумҳурии Чех, 4:00, ваза-ари) ва Алессандро Плантера (Италия, 1:06, иппон) се пирӯзӣ ба даст овард. Вале ӯ дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Ҳосил Ҷаъфаров (Озарбойҷон, 5:19, ваза-ари) шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Зимнан, Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 17-18-уми марти имсол дар шаҳри Коимбраи Португалия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овардааст. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило пас аз чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Италия, Португалия, Ҳолланд ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Сомон дар нимфинал Алессандро Магнании итолиёвиро мағлуб кард. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ёҳонатан Елбаз аз Исроил шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия, феълан дар шаҳри Иркутск таҳти раҳбарии мураббиёнаш Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо тамрин менамояд. Ӯ ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонони синашон то 21-сола, ки дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Озарбойҷон, аз Даниел Каргнин (Бразилия) мағлуб гашт.

Баъдан ӯ дар даври тасаллобахш Рока Касес Салвадори испаниягиро шикаст дод. Маҳмадбеков дар қувваозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Яъқуб Ҷаводов (Озарбойҷон) пирӯз шуд ва мақоми севумро касб кард.

XS
SM
MD
LG