Имрӯз, 6-уми апрел, дар шаҳри Душанбе, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, маросими ифтитоҳи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2018 баргузор шуд.
Ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, ки аз 7-уми апрел то 2-юми май дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Истаравшан, ноҳияҳои Ашт, Рашт ва вилояти Суғд идома меёбанд. 11 намуди варзиш дохил аст: баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, самбо, таэквондо (ВТФ) ва ҷудо.
Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар чор сол як маротиба барпо мегарданд, барои дарёфти чеҳраҳои нав ва ба ҳайати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ ҷалб намудани онҳо мусоидат менамоянд.
Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешаванд, ба шумор мераванд.
Барномаи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018
Баскетбол. (мардон) 13-17 апрел. Шаҳри Истаравшан
Баскетбол (занон). 21-25 апрел. Шаҳри Душанбе (Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон)
Бокс. 7-8 апрел. Ноҳияи Ашт
Вазнабардорӣ. 5-6 май. Шаҳри Кӯлоб
Варзиши сабук. 28-29 апрел. Шаҳри Душанбе (Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ)
Волейбол (мардон). 21-25 апрел. Шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)
Волейбол (занон). 28 апрел - 2 май. Вилояти Суғд
Гуштии миллӣ. 7-8 апрел. Ноҳияи Рашт
Гуштии озод. 14-15 апрел. Шаҳри Душанбе (Толори варзишии “Манеж”)
Гуштии юнониву румӣ. 28-29 апрел. Шаҳри Кӯлоб
Самбо. 21-22 апрел. Вилояти Суғд
Таэквондо ВТФ. 5-6 май. Шаҳри Турсунзода
Ҷудо. 5-6 май. Вилояти Суғд
Шуд шуд ки буданат маьлум. Гуломи халкабаргуши оилаи рахмонуф. Чи худта доно мегири, фикр мекуни, ки мардум бесаводанд. Ту як чоплуси конкретный хасти. Озоди чоп кунед чавоби маро
Ин метод хамон методе аст, ки соли 92 муроҷиати Сангак Сафаров ба мардуми Кулоб запис кардаги буд. КГБ хамон КГБи СССР мондааст, чизе тағир наёфтааст , давлати диктатори диктатор мондааст.
Ту табиби хубу донои, сари кали худро табобат кун....Эрон кави буд хаст ва мемонад....Офарин ба ин миллат ки тули 43 сол мухосираи иктисодии золимона факат пешрафт кардааст...Абобили Эрон хубу худаш ганда...Пантуркистон ба максади шуми худ намерасед...РО агар озоди нашр кун...
Добрый день.
Ту аввал навиштанро омуз