Тими мунтахаби наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) таҳти раҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки рӯзҳои 2-4-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, мақоми дувумро касб намуд.
Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 140-солагии шаҳри Бишкек бахшида шуда буд, ба ғайр аз дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду тим аз Қирғизистон, инчунин дастаи «Велвет»-и Қазоқистон ширкат доштанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), футболбозони навраси тоҷик дар нахустин бозии худ бар тими мунтахаби наврасони вилояти Чуйи Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд. Голҳоро Партулло Хуршедзода, Салоҳиддин Эргашев ва Муҳаммад Аҳмадов ба самар расонданд.
Дар даври дувуми мусобиқа дастаи Академияи футболи ФФТ тими «Велвет»-и Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Голҳоро Салоҳиддин Эргашев, Азиз Ҳаитов, Суҳроб Сафаров, Давлатбек Акрамов, Муиб Саидов ва Ҳикмат Хайруллозода заданд.
Дар даври охирини мусобиқа футболбозони навраси Академияи футболи ФФТ бо ҳамсолони худ аз тими мунтахаби Бишкек бозӣ карда, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони шаҳри Бишкек, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи ғолиб бо Ҷоми шаҳдори Бишкек ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Футболбозони навраси тоҷик, ки бо 6 имтиёз мақоми дувумро азони худ карданд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.
Бале тими Озоди. Бояд ба мардум хама равшан бошад. Эмомали Рахмон низ яке аз амалкардахои чанги граждани буд. У низ аз кабл аз саршавии низохо дар толорхо буд. Ба хамагон маълум аст, ки у низ яке аз шахсонест ки Чумхури ба оташ кашида шуд.
Барои чи шахбоз чандин маротиба зиед пулро дуздид вале дар озоди карор дорад?Окои Байден илтимос масъалаи тамоми диктаторхоро бинед ки аз хад гузаштанд
Бисёр кушиш кардам худро бовар кунонам ки Набиев ин кадар чуръат карда ба Рохбари СССР гуфта бошад, аммо нашуд. Наход чунин шуда бошад: "Михаил Горбачёв барояш гуфтааст, барои вазифаҳои роҳбарӣ дар Тоҷикистон 70 мутахассиси варзидаро мефиристанд ва падарам бояд онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд. Падарам дар посух ба Горбачев гуфтаанд, ин кадрҳо бароямон лозим нест, зеро мутахассисони худӣ вазъияти Тоҷикистонро беҳтар аз бегонаҳо медонанд. Горбачев пофишорӣ мекунад, аммо падарам назарашро тағйир намедиҳад. Он кас инро қабул надоштанд." Якум ин ки Горбачёв метавонист аз Набиев нопурсида сад кас не 500 нафарро равон кунад. Дуюм ин ки гапи Горбачёвро нагирифтан хеч имкон надошт. Тем более ба у гап зани ки мо кадрхои худи дорем. Сеюм ин ки апаи Мунаввара мегуяд ки падарашон "дар назди мо, фарзандон, дар ин бора гап намезаданд. Шояд падарам мехостанд, ки фарзандон аз ин моҷаро дуртар бошанд ва ба ин хотир атрофи ин мавзуъ бо модарам ба забони узбекӣ суҳбат мекарданд." Пас аз ки чузъиёти сухбати дар Кремл бо Горбачёв шударо фахмиданд. Чорум ин ки агар рахматиро ба истеъфо равон намекарданд, Худо медонист баъди 2 ё 3 сол властро ихтиёри рахо мекард.
Ба тоҷик фарк надорад, касе барояш дусад сум ваъда кунад, туҳмат кардан мегирад. Ин қазия сад фоиз сиёсист.
Хуҷандихо (кроме К) махалгаро набуданд ва давлатдори метавонанд. Ҷаббор Расулов чи боигари дошт? Ҳеҷ чи. Набиев аз худ чӣ монд? Танҳо номи нек. Офаринатон. Имрӯз чӣ? Даҳшат...