Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа рӯзи панҷшанбеи 5-уми апрел бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, ҳайати вакилони AFC таҳти раҳбарии Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа пас аз сафари дурӯзаи корӣ ба Шри-Ланка аз пойтахти ин кишвар шаҳри Коломбо ба Душанбе омад.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, ки аз соли 2013 боз раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро бар ӯҳда дорад, ҳадди ақал то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.
Раҳбари футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дабири кулли AFC Дато Виндзор Ҷон дар ҷараёни сафари кории худ ба Душанбе бо мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳанд.
Дар ин мулоқот масоили рушди футбол дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин меҳмонон имрӯз, 6-уми апрел, дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои хурди футбол, ки бо сармоягузории AFC дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, ширкат меварзанд.
Зимнан, Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа 19-уми апрели соли 2013 бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот карда буд. Ӯ он замон ба ҳайси раиси Созмони футболи Баҳрайн бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро дар Конгресси ғайринавбатии Конфедератсияи футболи Осиё, ки 2-юми майи соли 2013 дар пойтахти Малайзия баргузор шуда буд, раҳбари нави футболи қора интихоб намуданд. Ӯ то соли 2015 вазифаи президенти AFC-ро бар ӯҳда дошт, зеро ки ин конгресси ғайринавбатӣ буд. Муҳаммад Бин Ҳаммом, президенти собиқи AFC, соли 2011 ба иллати даст доштан дар фасод аз ҷониби FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) барканор шуда буд.
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа аз Баҳрайн дар Конгресси 26-уми Конфедератсияи футболи Осиё, ки соли 2015 дар пойтахти Баҳрайн - Манама - барпо гардида буд, дигарбора раҳбари AFC интихоб шудааст.
Ӯ, ки аз соли 2013 боз раҳбарии Конфедератсияи футболи Осиёро бар ӯҳда дорад, ҳадди ақал то соли 2019 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон Шайх Салмон ноиби президенти FIFA ва узви кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии футбол мебошад.
Хеч камбуди нашудааст ,дар замони Совети мо низ танбех ва сарзаниш ва хатто мезадан, хеч чиз нашудем калон шудем , босавод шуд, ташакур ба устодон. Замони шуд ки, ба хеч кас чизе гуфта намешавад устодони азиз кушиш кунед ба фарзадони мардум дигар даст боло накунед,зеро замона дигар аст.
Боз халки точик мехохад саюз шавад бо русхо .бинед мардуми точик
24 сол шуд мухочирам не дар ватан кадр доштем не дар Россия ва на дар рохи сафар. Бесохибем мо Точико. Хама мехохад аз мухочир пул канад аз коркуни аэропорташ саркарда то милисахои Точикистону Россия. Ин сафар бонкхоям саркардаанд чихел хуни мухочирора макем. Дина руз милисахо хона омада бахонаи паспорт карда охирин пули хонаро чарима гуфта гирифтаанд барои паспорти нав накарданаш, зани содаам пулро аз тарсаш додааст. 5000рубл рои кардам не дар хона гирифта метонанд не дар инчо гирифта мешавад. Мухочирора худо нигахбон бошад.
Хечгап не сахт назаден муаллима ба ин чиз бо хазл нигох кардан даркор. Ман шахсан барои он омузгоронам ки маро сахт мегирифтан ва чояш биёяд мезадан (безарар) рахмат мегуям зеро ман дарсхои онхоро хеле хуб хондаам ва имруз дар намондам.Афсус ки имруз кадри омузгорхо намондааст.Шахсое ки норози бо суханони ман имруз коре кунед ки кадри омузгорро ба шояш биёред.
Инкадар беадолати ва беинсофи дар ягон давлати чангзада хам нест баъзан хайрон мешави ки чаро ба чои пешрави ба кафо рафтаистодаем мо!