Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи кулли истихбороти Русия: ал-Бағдодӣ дар Ироқ пинҳон шудааст


Абубакр ал-Бағдодӣ
Абубакр ал-Бағдодӣ

Идораи кулли истихбороти ситоди умумии Русия мегӯяд, ки раҳбари гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" Абубакр ал-Бағдодӣ ба эҳтимоли зиёд дар Ироқ пинҳон шудааст. Дар ин бора муовини аввали раҳбари Идораи кулли истихборот Игор Костюков ба хабаргузории Интерфакс маълумот дод.

"Ал-Бағдодӣ, ба эҳтимоли зиёд дар Ироқ аст, гумон аст, ки ӯ дар Сурия бошад",-гуфт Костюков. "Маҳали дақиқи будубоши Бағдодӣ маълум нест",- афзӯд ин мақомдори Русия. Ба гуфти ӯ хадамоти истихбороти бисёр кишварҳо дар пайи ал-Бағдодӣ мегарданд.

Соли гузашта Вазорати дифои Русия иддао карда буд, ки ал-Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурия кушта шуд. Он замон хабари ҳалокати раҳбари ДИИШ дар Пентагон тасдиқ нашуд.

Маълумот дар бораи ҳалокати ал-Бағдодӣ борҳо дар матбуот пахш шуд, аммо ин хабарҳо ҳамеша такзиб мешуданд. Ахиран президенти Русия Владимир Путин аз пирӯзӣ бар ДИИШ хабар дод.

Зарурати мубориза бо тундгароҳои исломиро Путин бо ширкати Русия дар ҷанги Сурия тавҷеҳ мекунад. Президент се дафъа эълон карда буд, ки нерӯҳои Русия аз Сурия хориҷ мешаванд. Биноба маълумоти расмӣ дар тӯли беш аз ду соли амалиёти низомӣ дар Сурия, беш аз 40 сарбоз ва афсари Русия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG