Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CNN: ИМА алайҳи як қатор олигархҳои рус таҳрим ҷорӣ мекунад


Доналд Трамп

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, бар зидди як қатор олигархҳои рус, ки бо президенти Русия Владимир Путин робита доранд, таҳрим ҷорӣ кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 5-уми апрел бо такя бо мансабдорони баландпояи маъмурияти президент хабар дод. Онҳо гуфтаанд, ки ба эҳтимоли зиёд ин таҳримҳо то охири ҳафта эълон хоҳанд шуд.

Барномарезии таҳримҳои нав охирин иқдоми ошкори ИМА бар зидди Русия хоҳад буд. Моҳи гузашта Амрико ва Русия дипломатҳои якдигарро аз қаламравҳои худ хориҷ карданд. Талаби хориҷ шудани дипломатҳои рус аз қаламрави ИМА ҳамзамон бо иқдоми ҳамранги кишварҳои дигар анҷом шуд, ки дар заминаи заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия дар шаҳри Солсберии Британия, дипломатҳои Русияро аз кишварҳои худ берун карданд.

Хабарҳо дар бораи таҳримҳои нави Амрико баъди он ошкор шуданд, ки Герберт Макмастер, мушовири амниятии Кохи сафед, ки ба истеъфо меравад, дар суханронии хайрбодиаш аз ИМА ва шариконаш даъват кард, ки алайҳи Русия иқдомҳои бештар пиёда кунанд. "Мо натавонистем Русияро маҷбур кунем, ки баҳои рафторашро бипардозад",- гуфт Макмастер.

Таҳқиқи додситони вежа Роберт Мюллер моҳи феврал 13 шаҳрванди Русияро ба эҳтиммоли дахолат ба интихоботи соли 2016 муттаҳам кард ва маъмурияти Трамп моҳи март алайҳи Русия, бо шумули онҳое, ки исмашон дар айбномаи Мюллер зикр шуда буд, таҳрим ҷорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG