Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад


Дар ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои ҳирфаӣ аз Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Покистон, Русия, Узбекистон, Украина, Швейтсария, Эрон, Эфиопия ва дигар кишварҳо дар назар аст.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ 398 ҳазору 53 сомонӣ (ҳудуди 45 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барои нӯҳумин бор барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, соати 9-и субҳи шанбеи 21-уми апрел аз рӯи масири дав – “Наврӯзгоҳи пойтахт” – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) - доир хоҳад шуд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ 398 ҳазору 53 сомонӣ (ҳудуди 45 ҳазор доллари ИМА) ихтисос додааст. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни занону мардон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо ҷоизаҳои молӣ ба маблағи аз 13 ҳазору 350 сомонӣ то 31 ҳазору 150 сомонӣ сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ дар сабқати мардон Тилаҳун Гирма аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 58 сония мақоми аввалро касб кард. Самуэл Вайтака Майна аз Кения (1:06,03) мақоми дувум ва Адилет Киштанбеков аз Қирғизистон (1:06,24) мақоми севумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Виктория Полюдина аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 19 сония ғолиб шуд. Юлия Шматенко аз Украина (1:13,51) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова аз Ӯзбекистон (1:14,19) мақоми севумро ишғол карданд.

Аз байни варзишгарони тоҷик Меҳрангез Назарова ва Ҳасан Ғаффоров натиҷаҳои хубтарро нишон доданд. Меҳрангез бо натиҷаи 1:29,50 миёни занон ҳафтум ва Ҳасан бо натиҷаи 1:11,17 байни мардон ҳаштум шуданд.

Ғайрат Неъматов, сардовари ниммарафони байналмилалӣ, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давандаҳои Тоҷикистон дар ҳашт давраи ниммарафони байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ ғолиб нашудаанд ва ҷойҳои дувуму севумро ҳам соҳибӣ накардаанд. Ба қавли ӯ натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар ин ниммарафон танҳо ҷойҳои чорум мебошад. Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойҳои чорумро соҳиб шуда буданд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ:

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG