Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар лигаи олӣ пешсафиро ба даст гирифт


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими нави лигаи олӣ – “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ - бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст.

Бозии аввали даври чаҳоруми мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Кӯктош” шаби чоршанбеи 4-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Фахриддин Сафарзода, бозигари “Кӯктош”, дар дақиқаи 18-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Баъди ҳашт дақиқа голи дувуми “Истиқлол”-ро Ромиш Ҷалилов ба самар расонд.

Ба ин тартиб, тими “Истиқлол”, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳсин Муҳаммадиев паиҳам се ғалаба ба даст овард, бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа садрнишин шуд. “Хуҷанд” бо 7 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми дувум ва “Кӯктош” бо 5 имтиёз аз чор бозӣ дар мақоми севум қарор гирифтаанд.

Се бозии дигари даври чоруми мусобиқа рӯзҳои 7-ум ва 8-уми апрел баргузор мешавад. Рӯзи шанбеи 7-уми апрел «Панҷшер» бо «Барқчӣ», рӯзи якшанбеи 8-уми апрел «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» ва ССКА «Помир» бо «Хатлон» рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«ИСТИҚЛОЛ» – «КӮКТОШ» – 2:0

Голҳо: Фахриддин Сафарзода, 18 – ба дарвозаи худ (1:0). Ромиш Ҷалилов, 26 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ромиш Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 67), Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Шериддин Бобоев (Муҳаммадҷони Ҳасан, 60), Николай Зенко (Дилшод Восиев, 46).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиков, Аҳтам Холбоев, Аслиҷон Мансуров, Принс Артур, Фахриддин Сафарзода, Абдурасул Раҳмонов, Идан Окран, Маҳмадалӣ Содиқов, Шоҳназар Назаров (Одил Бобоназаров, 80), Муҳаммадшарифи Саидхуҷа (Муҳиддин Одилов, 73), Меҳроҷиддин Музаффаров (Азизбек Султонов, 75).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷон Ҳасан, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Идан Окран, Маҳмадалӣ Содиқов («Кӯктош»).

Бозигари беҳтарини дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Комрон Шодиев (Душанбе).

4-уми апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

7-уми апрел (шанбе)

«ПАНҶШЕР» – «БАРҚЧӢ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

8-уми апрел (якшанбе)

«ХУҶАНД» – «РЕГАР-ТАДАЗ»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

ССКА «ПОМИР» – «ХАТЛОН»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Оғози бозиҳо соати 16:00

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

3

3

0

0

7-2

9

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

2

1

0

6-4

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

3-4

5

4

«Хатлон» (Бохтар)

3

1

0

2

3-5

3

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

3

0

3

0

4-4

3

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

0

2

1

2-3

2

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

1

1

0-1

1

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

0

1

2

2-4

1

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 3-тӯбӣ, Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG