Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду пирӯзии тими наврасони Академияи футболи ФФТ дар Бишкек


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team U-15, 4April2018
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team U-15, 4April2018

Тими мунтахаби наврасони Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U-15) таҳти раҳбарии мураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Каёсов дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки дар пойтахти Қирғизистон ҷараён дорад, ду пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 140-солагии шаҳри Бишкек бахшида шудааст, ба ғайр аз дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ду тим аз Қирғизистон, инчунин дастаи «Велвет»-и Қазоқистон ширкат доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони навраси тоҷик дар нахустин бозии худ бар тими мунтахаби наврасони вилояти Чуйи Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омаданд. Голҳоро Партулло Хуршедзода, Салоҳиддин Эргашев ва Муҳаммад Аҳмадов ба самар расонданд.

Дар даври дувуми мусобиқа дастаи Академияи футболи ФФТ тими «Велвет»-и Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дод. Голҳоро Салоҳиддин Эргашев, Азиз Ҳаитов, Суҳроб Сафаров, Давлатбек Акрамов, Муиб Саидов ва Ҳикмат Хайруллозода заданд.

Дар даври охирини мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми шаҳрдори Бишкек, ки имрӯз, 4-уми апрел, баргузор мешавад, футболбозони навраси Академияи футболи ФФТ бо ҳамсолони худ аз тими мунтахаби Бишкек бозӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG