Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Анталия


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 6-8-уми апрел дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа ширкати ҳудуди 350 варзишгар аз 52 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин Гран-прии ҷудо дар Анталия шаш варзишгар намояндагӣ мекунад: Наврӯз Каримзод (дар вазни зери 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (дар вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни зери 90 кг) ва Саидҷалол Саидов (дар вазни зери 100 кг).

Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи 7-уми апрел барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи 8-уми апрел бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, Наврӯз Каримзод рӯзи ҷумъаи 6-уми апрел, се нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Мирзоҷамил Рамазонов ва Акмал Муродов – рӯзи шанбеи 7-уми апрел ва ду нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов – рӯзи якшанбеи 8-уми апрел рақобат мекунанд.

Барномаи мусобиқот

Рӯзи якум (ҷумъа, 6-уми апрел):

  • Занон то 48 кг, то 52 кг ва то 57кг;
  • Мардон то 60 кг ва то 66 кг.

Рӯзи дувум (шанбе, 7-уми апрел):

  • Занон то 63 кг ва то 70 кг;
  • Мардон то 81 кг ва то 90 кг.

Рӯзи севум (якшанбе, 8-уми апрел):

  • Занон то 78 кг ва беш аз 78 кг;
  • Мардон то 90 кг, то 100 кг ва беш аз 100 кг.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9-уми апрели соли гузашта дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, Тоҷикистонро се гуштигир -Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) – намояндагӣ карданд.

Комроншоҳ пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Туркия ва Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар Магомед Магомедови русиягӣ дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ Устопириён аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга мағлуб гашт ва дар натиҷа барои мақоми дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вале Ҷабборов ва Саидов дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG