Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо духтари мактабхони афғон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд


Дар як ҳодисаи дигаре дар Ғазнӣ ҳам соли 2017 мактаби духтарона мавриди ҳамла қарор гирифт. Гуфта шуд, ки ин муассиса мавриди ҳамлаи газӣ қарор гирифт
Дар як ҳодисаи дигаре дар Ғазнӣ ҳам соли 2017 мактаби духтарона мавриди ҳамла қарор гирифт. Гуфта шуд, ки ин муассиса мавриди ҳамлаи газӣ қарор гирифт

Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон даҳҳо духтари муҳассили синфҳои болоӣ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Довудшоҳ Сафарӣ, раиси департаменти маорифи вилояти Ҳилманд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 2 апрел дар маҷмӯъ 52 духтар ба бемористони шаҳри Лашкаргоҳи воқеъ дар маркази Ҳилманд интиқол ёфтанд.

Доктор Нисор Аҳмад Борак гуфт, ки духтарҳо аз дарди сару дилбеҳузурӣ шикоят карданд. Вай гуфт, ки баъди ёрии тиббӣ ҳолати ҳамаи онҳо мӯътадил шудааст. Маълум нест, ки ин чӣ мушкиле будааст ва агар заҳр буд, чӣ навъи заҳр аст.

Духтарҳое, ки ба бемористон оварда шуданд, муҳассилони солҳои 10 ва 11 мактаби Марказии духтаронаи Лашкаргоҳ мебошанд. Дар макони ҳодиса вазъро ходимони полис ва мутахассисони дигар таҳқиқ мекунанд.

Аксари қисматҳои Ҳилманд зери назорати Толибон мебошад ва ин гурӯҳ бо мухолифати шадидаш бо таҳсили духтарҳо маъруф мебошад.

Баъди тарки Афғонистон кардани аксари кулли нирӯҳои НАТО дар соли 2014, ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул талош дорад бо нирӯи худ зидди Толибон ва дигар ҷангиёни мусаллаҳ мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG