Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрону Ишқобод амалиёти табодули зиндониҳоро анҷом доданд


Дар поёни сафари президенти Эрон аз Ишқободи Туркманистон дар марзи ду кишвар амалиёти табодули даҳҳо маҳбус баргузор шуд. Дар ин бора рӯзи 2 апрел Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ 27 март дар роҳ ба сӯи Озарбойҷон вориди шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон шуда, бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Ҷониби Эрон сафари расмии Руҳониро ба ҷашни Наврӯз рабт медиҳад. Дар ҷараёни мулоқот қайд шуд, ки Ҳасани Руҳонӣ дар соли нав сафари нахустини худро ба Туркманистон анҷом дод. Дар ҷараёни боздиди Руҳонӣ аз Ишқобод миёни ду кишвар беш аз 10 созишнома имзо шуд.

Руҳонӣ баъд аз Ишқобод ба Озарбойҷон рафта, 29 март ба Теҳрон баргашт. Худи он рӯз дар марзи Эрону Туркманистон табодули асирон сурат гирифт. Ҷониби Туркманистон бар ивази шаҳрвандони худ ба Теҳрон 283 маҳбуси эрониро дод, ки бештарашон сокинони вилояти Гулистонанд.

Ёдрас мешавем, пештар Эрону Туркманистон ба далели баҳсҳо атрофи хариду фурӯши газ таҳдид мекарданд, ки якдигарро ба додгоҳҳои байналмилалӣ мекашанд. Эрон Туркманистонро айбдор мекард, ки нархи газро боло бурдааст ва Ишқобод мегуфт, ки Теҳрон пули газро намедиҳад.

XS
SM
MD
LG