Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонандаи мактаби шаҳри Бишкек ҳамдарсашро бо таппонча захмӣ кард


Дар мактаби № 38 шаҳри Бишкеки Қирғизистон хонандаи синфи 8 аз таппонча як ҳамдарсашро захмӣ кард. Ин ҳодиса рӯзи 30 март рӯй дод ва рӯзи 2 апрел дар ин бора Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабаре чоп кард. Пулиси Бишкек мегӯяд, хонандаи мактаб таппончаи бародарашро ба дарс овардааст.

Хонандаи захмдор дар бемористон бистарӣ шуд. Ба иттилои пулис, вазъи сиҳатии вай муътадил аст.

"Ба иттилои тафтишот, ноболиғ таппончаи бародарашро ба мактаб овардааст. Вай тасодуфан тир кушода, ҳамдарсашро аз ноҳияи китфаш захмӣ кардааст. Ҳоло мақомот тафтиш доранд, ки силоҳро ноболиғ чӣ гуна ба даст овардааст", - гуфт сухангӯи раёсати пулис дар шаҳри Бишкек Одил Оморов.

Дар гузашта ҳодисаҳои бо таапонча ба мактаб ҳозир шудани ноболиғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд нашр нашудааст. Чунин ҳодисаҳо дар мактабҳои Русия ва ИМА рӯй додаанд.

XS
SM
MD
LG