Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 кушта дар задухӯрдҳои Кашмир. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар паи задухӯрди миёни полису эътирозгарон дар минтақаи таҳти назорати Ҳинди Кашмир дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Мақомот рӯзи 1 апрел гуфтанд, ки дар натиҷаи задухӯрдҳо, ки рӯзи 1 апрел дар ҷануби Шринагар рух дод, се сарбози ҳинду, 13 ҷангии эҳтимолӣ ва чор мулкӣ кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот гуфтанд, баъди он ки ҳазорҳо эътирозгар ба кӯчаҳо рехта сангандозӣ ва зидди ҳукумати Ҳинд садо баланд карданд, полис ба сӯи онҳо оташ кушод.

Дар худи Шринагар рӯзи 2 апрел мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоративу молӣ баста шуданд. Полис тадбирҳои амниятиро шадидтар карда маҳдудиятҳои ҳаракат дар минтақа ҷорӣ шудааст. Барои ҷилавгирӣ аз хушунатҳо, шумори низомиён дар минтақа афзоиш дода шуд ва баррикада ё саддҳои ҷилавгирикунанда аз убури эътирозгарон гузошта шудааст.

Дар бархӯрдҳои Кашмир даҳҳо нафар кушта шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:43 0:00

Вазорати хориҷаи Покистони ҳамсоя хушунатҳои дирӯзаро маҳкум карда гуфтааст, ки афроди кушташуда бегуноҳ буданд.

Ин ҳодисаҳо баъди он сар зад, ки артиши Ҳинд дар минтақаи ҷанубии Кашмир амалиёти зиддишӯриширо ба роҳ монд. Ин минтақаи баҳсӣ ба макони муқовимати зидди ҳукумати Деҳлии Нав табдил шудааст.

Баъди он ки ҳукумати Бритониё дар соли 1947 аз ин макон берун шуд, Кашмир дар миёни аксарияти ҳиндуҳо ва мусалмонони Покистон тақсим шуд. Ҳарду ҷониб ҳам ин минтақаро аз они худ меномад ва дар муддати беш аз 70 соли охир дар ин қаламрав ду дафъа ҷангҳо сар задааст.

XS
SM
MD
LG