Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" пешсафи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи футболи "Хуҷанд".
Дастаи футболи "Хуҷанд".

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси дуҳафтаина, ки бинобар ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 эълон гардида буд, аз сар гирифта шуд.

Ду бозии даври севуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи шанбе, 31-уми март, доир гардид. ССКА «Помир»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиро бо тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Зимнан, ин севумин мусовии низомиён дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои аввалин бор дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд, дар як бозӣ ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ кардаанд.

Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), ки бозии хонагиашро муқобили «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир намуд, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи футболбозони Бохтар дар мавсими имсола мебошад.

Ду бозии дигари даври севуми мусобиқа рӯзи якшанбе, 1-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид. Нахуст дастаи мизбон - «Барқчӣ» - ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯбарӯ шуданд. Бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон – “Хуҷанд” – бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Голи ягонаро ҳимоятгар Хуршед Бекназаров дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд.

Баъдан дар ин варзишгоҳ дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода зӯрозмоӣ карданд. «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳарду голро душанбегиҳо дар нимаи аввали дидор заданд. Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум Шериддин Бобоев боз кард. Баъди ҳаждаҳ дақиқа Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро афзун намуд. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 69-ум, нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ» Хайрулло Азизов ҳисобро тағйир дод – 2:1.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 7 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми аввал, “Истиқлол” бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар мақоми дувум ва “Кӯктош” бо 5 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми севум қарор гирифтаанд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқа рӯзҳои 4, 7 ва 8-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи чоршанбеи 4-уми апрел «Кӯктош» бо «Истиқлол», рӯзи шанбеи 7-уми апрел «Панҷшер» бо «Барқчӣ», рӯзи якшанбеи 8-уми апрел «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» ва ССКА «Помир» бо «Хатлон» рақобат мекунанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

31 март (шанбе)

ССКА «ПОМИР» – «КӮКТОШ» - 0:0

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»), Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Бозигари беҳтарини дидор: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1500 тамошобин.

«ХАТЛОН» – «ПАНҶШЕР» - 1:0

Гол: Наврӯз Рустамов, 65.

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Бобоев, Отабек Каримов («Хатлон»), Алишери Ҳотам, Сафар Наботов («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

31 март. Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ, 1000 тамошобин.

1 апрел (якшанбе)

«БАРҚЧӢ» – «ХУҶАНД» - 0:1

Гол: Хуршед Бекназаров, 69.

Огоҳонида шуданд: Саидмухтор Азимов, Оятулло Сафаров («Барқчӣ»), Фурқатҷон Ҳасанбоев, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарини дидор: Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

1 апрел. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 500 тамошобин.

«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 15 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 33 (2:0). Хайрулло Азизов, 69 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), Бахтиёр Азимов, Сафаралӣ Каримов («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини дидор: Ойбек Абдуғаффоров («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

1 апрел. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

2

1

0

6-4

7

2

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

5-2

6

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

2

0

3-2

5

4

«Хатлон» (Бохтар)

3

1

0

2

3-5

3

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

3

0

3

0

4-4

3

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3

0

2

1

2-3

2

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

2

0

1

1

0-1

1

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

0

1

2

2-4

1

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 3-тӯбӣ, Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир») – 2-тӯбӣ.

Даври 4-ум:

4 апрел (чоршанбе)

«Кӯктош» – «Истиқлол»

7 апрел (шанбе)

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

8 апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

ССКА «Помир» – «Хатлон»

Оғози бозиҳосоати 16:00

XS
SM
MD
LG