Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии “Кӯктош” дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси дуҳафтаина, ки бинобар ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 эълон гардида буд, аз сар гирифта шуд.

Ду бозии даври севуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи шанбе, 31-уми март, доир гардид. ССКА «Помир»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиро бо тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Зимнан, ин севумин мусовии низомиён дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои аввалин бор дар лигаи олӣ бозӣ мекунанд, дар як бозӣ ғолиб омада, ду бозиро мусовӣ кардаанд.

“Хуҷанд” бо 4 имтиёз аз ду бозӣ дар мақоми дувум ва “Истиқлол” бо 3 имтиёз аз як бозӣ дар мақоми севум қарор гирифтаанд.

Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), ки бозии хонагиашро муқобили «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир намуд, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 65-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, ин аввалин ғалабаи футболбозони Бохтар дар мавсими имсола мебошад.

Ду бозии дигари даври севуми мусобиқа имрӯз, 1-уми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад. Нахуст соати 15:30 дастаи мизбон - «Барқчӣ» - ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯбарӯ мешаванд. Баъдан соати 19:00 дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ мекунанд. Мизбони ин бозӣ «Истиқлол» аст.

Ба иттилои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, раҳбарони ҳарду даста дар бораи ивази бозиҳои хонагӣ ба мувофиқа расидаанд. Дар давраи дувуми мусобиқот «Регар-ТадАЗ» тими «Истиқлол»-ро дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода пазироӣ хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии ду бозии даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал “Кӯктош” бо 5 имтиёз аз се бозӣ дар мақоми аввал, “Хуҷанд” бо 4 имтиёз аз ду бозӣ дар мақоми дувум ва “Истиқлол” бо 3 имтиёз аз як бозӣ дар мақоми севум қарор гирифтаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

31 март (шанбе)

ССКА «ПОМИР» – «КӮКТОШ» - 0:0

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»), Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Бозигари беҳтарини дидор: Абдурасул Раҳмонов («Кӯктош»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 1500 тамошобин.

«ХАТЛОН» – «ПАНҶШЕР» - 1:0

Гол: Наврӯз Рустамов, 65.

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Бобоев, Отабек Каримов («Хатлон»), Алишери Ҳотам, Сафар Наботов («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

31 март. Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ, 1000 тамошобин.

1 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30

«БАРҚЧӢ» – «ХУҶАНД»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ»

Оғози бозӣ – соати 19:00

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

3

1

2

0

3-2

5

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

1

0

5-4

4

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

4

«Хатлон» (Бохтар)

3

1

0

2

3-5

3

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

3

0

3

0

4-4

3

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

2

0

1-1

2

7

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

1

0

0-0

1

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

3

0

1

2

2-4

1

Нишонзанҳо: Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 3 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG