Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси дуҳафтаина, ки бинобар ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар даври охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин эълон шуда буд, идома хоҳад кард.

Бозиҳои даври севуми мусобиқот рӯзҳои 31-уми март ва 1-уми апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе ду бозӣ барпо мегардад. ССКА «Помир»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунад. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бозии хонагиашро муқобили «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир менамояд.

Ду бозии дигари даври севуми мусобиқот рӯзи якшанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегардад. Нахуст дастаи мизбон - «Барқчӣ» - ва тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд рӯбарӯ мешаванд. Баъдан дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозӣ мекунанд. Мизбони ин бозӣ «Истиқлол» аст.

Ба иттилои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, раҳбарони ҳарду даста дар бораи ивази бозиҳои хонагӣ ба мувофиқа расидаанд. Дар давраи дувуми мусобиқот «Регар-ТадАЗ» тими «Истиқлол»-ро дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода пазироӣ хоҳад кард.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал тимҳои “Хуҷанд” ва “Кӯктош” бо чоримтиёзӣ пешсафанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

31 март (шанбе)

Оғози бозӣсоати 15:30

ССКА «ПОМИР» – «КӮКТОШ»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«ХАТЛОН» – «ПАНҶШЕР»

Оғози бозӣсоати 15:30

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

1 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 15:30

«БАРҚЧӢ» – «ХУҶАНД»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

«ИСТИҚЛОЛ» – «РЕГАР-ТАДАЗ»

Оғози бозӣсоати 19:00

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

1

0

5-4

4

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

1

0

3-2

4

3

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

2

0

2

0

4-4

2

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

2

0

1-1

2

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

1

0

0-0

1

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

2

0

1

1

2-3

1

8

«Хатлон» (Бохтар)

2

0

0

2

2-5

0

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир») – 2-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG