Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кемерово: додситонӣ фаъолияти наҷотдиҳандаҳои сӯхторро таҳқиқ мекунд


Мардуми ғамзада дар маросими ҷанозаи қурбониёни сӯхтори ахир дар Русия
Мардуми ғамзада дар маросими ҷанозаи қурбониёни сӯхтори ахир дар Русия

Додситонии Кемерово шикояти наздикони қурбониёнро таҳқиқ мекунад, ки мегӯянд кормандони хадамоти оҷил ва пулис ба ҳодисаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" бархурди ҳирфаӣ надоштанд. Дар ин ҳодиса ба маълумоти расмӣ 64 нафар, аксаран кӯдакҳо ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс рӯзи 29 март бо такя хадамоти матбуоти додситонии минтақавӣ гузориш дод.

Ба додситонӣ се шикоят, аз ҷумла шикояти ҳамсари Игор Сабадаша ва Надежда Ворстикова ворид шудааст, ки дар ин оташсӯзӣ панҷ нафар наздикони худ - духтар, келин, ва се набераро аз даст доданд. Ба назари онҳо бефаъолиятии хадамоти наҷот боиси қурбониҳои зиёд шудааст.

Қаблан раҳбари идораи минтақавии Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ Алексей Мамонтов гуфт, ки хадамоти оташнишонӣ ҳар кори аз дасташон омадаро анҷом доданд: аз бинои оташгирифта беш аз 100 нафарро берун оварданд ва боз 20 тани дигарро наҷот доданд.

Рӯзи 25 март маркази тиҷоратию тафреҳии "Зимняя вишня" дар Кемерово оташ гирифт ва дар натиҷа 64 нафар ҳалок шуд. Ба гуфтаи шоҳидон системаи огаҳӣ кор накард ва бахше аз одамон аз баромадгоҳи дар коми оташ бурида шуданд ва талош карданд худро аз панҷараҳо берун андозанд.

XS
SM
MD
LG