Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Филиппин шикаст хӯрд ва ба Ҷоми Осиё-2019 роҳ наёфт


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, маҳрум гашт.

Бозии ҳалкунандаи даври шашуми мусобиқот дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон имрӯз, 27-уми март, дар пойтахти Филиппин - Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Ризал, баргузор шуд. Зимнан, барои ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфтан дар ин бозӣ мизбононро натиҷаи мусовӣ ва меҳмононро танҳо пирӯзӣ қаноатманд мекард.

Нимаи аввали дидор бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар нимаи дувуми бозӣ мизбонон капитани меҳмонон Нуриддин Давроновро дар ҷаримагоҳи худ зада, аз по афтонданд. Сардовар Ҷарред Ҷиллетт аз Австралия ҷаримаи 11-метрӣ таъин кард. Тӯбро аз пеналтӣ ҳимоятгар Аҳтам Назаров дар дақиқаи 64-ум ба ҳадаф расонд.

Баъди даҳ дақиқа мизбонон ҳисобро баробар карданд. Голи ҷавобиро Кэвин Ингресо бо зарбаи сар аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба тӯри дарвоза зад. Дар замони изофии таъиннамудаи сардовар ҳангоми ҳуҷуми мизбонон Аҳтам Назаров дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро вайрон кард. Голи дувум ва ҳалкунандаро Филип Ҷамес Янгҳусбанд дар дақиқаи 90+1 аз пеналтӣ ба нишон расонд.

Вале як дақиқа қабл аз анҷоми дидор ҳодисае рух дод, ки табъи тамошогаронро хира намуд. Футболбозони ҳарду даста дар майдон занозанӣ карданд. Сардовар ду нафари онҳоро бо нишон додани корти сурх аз майдон пеш кард, ки яке аз онҳо нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев буд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин чунин буд: Абдуазиз Маҳкамов, Искандар Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев (Ромиш Ҷалилов, 79), Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

Панҷ нафари футболбозони тоҷик легионер мебошанд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов(«Балтика», Русия), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия).

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз Филиппин, яке аз куҳансолтарин дастаҳои мунтахаби Осиё (соли 1907 таъсис ёфтааст) бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Филиппин бо 12 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифт. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Мунтахаби Яман сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо тими Непал, ки бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст, соҳиби роҳхати дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2019 гардид.

Бозии охирини мусобиқаи гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Яман ва Непал имрӯз, 27-уми март, соати 20:15 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бозии даври панҷуми мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими Яман бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Ниҳоят, футболбозони тоҷик дар бозии охиринашон аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2019

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

6

3

3

0

13-8

12

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

6

2

1

3

10-9

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН 2:1

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

27-уми март. Манила, Варзишгоҳи ба номиХосе Ризал.

XS
SM
MD
LG