Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов: "Мо бо Филиппин танҳо барои пирӯзӣ бозӣ мекунем"


Ҳаким Фузайлов.
Ҳаким Фузайлов.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ёдбуди Хосе Ризал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 26-уми март, дар Манила доир гардид, гуфт, “мо дар бораи мунтахаби Филиппин иттилои кофӣ дорем, зеро аллакай дар Душанбе бозӣ кардаем, вале мутаассифона, он бозиро бо ҳисоби 3:4 бохтем. Мунтахаби Филиппин хуб пешрафт мекунад ва ман ба сармураббии даста Томас Дули, инчунин, умуман ба даста эҳтироми бузург дорам. Мо хуб медонем, ки дар чунин вазъият ба мо барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё танҳо пирӯзӣ зарур аст. Ин вазифаро касе аз зиммаи мо соқит накардааст. Бархе аз бозигарон каме лат хӯрда буданд, ҳоло бошад, ҳама саломатанд ва ба қувваозмоии фардоина омодаанд. Мо қувваи рақибамонро медонем, хуб дарк мекунем, ки бо чӣ рӯбарӯ мешавем ва мо бо мунтахаби Филиппин танҳо баҳри пирӯзӣ бозӣ мекунем. Бозӣ хеле мушкил мешавад.”

Нуриддин Давронов, капитани тими мунтахаби Тоҷикистон, дар ин нишаст гуфт, “ба бозӣ бо мунтахаби Филиппин омодаем. Ба инҷо барои гирифтани роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё омадаем. Ҳамаи бачаҳо ба рақобат омодаанд ва моро фардо бозии хеле душвор интизор аст. Мекӯшем, ки футболи беҳтарин нишон бидиҳем.”

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - дохил аст. Дар байни онҳо панҷ нафарашон легионеранд: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов(«Балтика», Русия), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов(«Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия).

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистонро ҳакамон аз Австралия таҳти раҳбарии Ҷарред Ҷиллетт доварӣ мекунанд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “F” мунтахаби Филиппин бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Тими Непал бо 2 имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳама – «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ҷоми Осиё-2019

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ёдбуди Хосе Ризал

ЯМАН – НЕПАЛ

XS
SM
MD
LG