Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъ: Чандин кишвар дар атрофи Бритониё муттаҳид шуд


Вазорати дифои Бритониё гуфт, ки дар пасманзари моҷарои заҳролудшавии ҷосуси собиқи Русия дар ин кишвар бисёр кишварҳо дар атрофи Бритониё муттаҳид шуда дар муқобили Русия қарор гирифтаанд. Гевин Уиллямсон, вазири дифои Бритониё рӯзи 26 март дар сафараш ба Эстония гуфт, ки “Президенти Русия Владимир Путин мехоҳад дар миёни Бритониё ва муттафиқонаш шикофе эҷод кунад”. Ҷосуси собиқ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия аз рӯзи 4 март ба ин сӯ дар бемористон дар ҳолати сангин боқӣ мемонанд. Онҳо бо нишонаҳои мадҳушӣ дар шаҳри англисии Салисбурӣ пайдо шуданд.

Бритониё ҳукумати Путинро дар он гунаҳгор кард, ки як заҳри фалаҷкунандаи замони ҷанги сард сохташударо барои кӯшиши қатли падару духтар ба кор бурдааст. Ин заҳр як маводи кимиёии навъи “Новичок” будааст. Рӯзи 23 март чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо дастаҷамъона ҳамларо маҳкум карда гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб Маскав дар ин ҳодиса даст дорад ва онҳо ният доранд аз чораҳои муҷозоткунанда кор бигиранд.

Баъди он ки Русия 23 дипломати бритониёиро аз қаламраваш пеш кард, чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки мехоҳанд ҳафтаи ҷорӣ дипломатҳои русро аз хоки кишварҳояшон берун кунанд. Уиллямсон гуфт, ки дар атрофи Бритониё муттаҳид шудани чанд кишвари муттафиқи НАТО дар Иттиҳодияи Аврупо як посухи хубе хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG