Овозхони ҷавон Хаём Хаёлбеков ин шабу рӯз ба консерти ҳунарии худ омодагӣ мебинад. Ин овозхон мегӯяд, як ҳунарманди “худсохт” аст, чун маълумоти мусиқӣ неву ихтисоси бонкдорӣ дорад. Рӯзона дар яке аз муассисаҳои молии Тоҷикистон кор карда, шомгоҳон ба эҷоди оҳангу тарона машғул мешавад.
Вай мегӯяд, аз ҳисоби кор дар бонк рӯзгорашро таъмин мекунад ва ин чиз барояш имкон медиҳад аз назари эҷодӣ озод ва дар фурсати холӣ дар фикри мусиқиву ҳунар бошад.
Хаём аз дафбазми мардуми Бадахшон ёд кард ва гуфт, чунин маҳфилҳои шоду пурнишот фаросарии Наврӯзро гарму дилнишин мекунад.