Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Чин расид


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов имрӯз, 19-март, барои гузаронидани ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар доираи омодагӣ ба бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин ба Чин расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар шаҳри Чаншаи Чин то рӯзи 23-юми март идома меёбад. Баъдан даста аз онҷо ба Манила сафар мекунад.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Филиппин танҳо ғалаба қаноатманд мекунад.

Бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои мунтахаби миллии футболи Филиппин ва Тоҷикистон ҳакамон аз Австралия таҳти раҳбарии Ҷарред Ҷиллетт доварӣ менамоянд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳама – «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ҷоми Осиё-2019

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал

ЯМАН – НЕПАЛ

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG