Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Ekaterinburg Grand Slam 2018), ки рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия барпо гардид, аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.

Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург» дар Екатеринбург 251 варзишгар (152 мард ва 99 зан) аз 34 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохил буд: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев ( ҳарду – 73 кг), Мирзошариф Исматов, (- 81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (ҳарду - 90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг).

Мусобиқот дар Екатеринбург баъди «Тоскулоҳи бузург» дар Парижи Фаронса ва Дюсселдорфи Олмон севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт.

Рӯзи аввали мусобиқот – 17-уми март - варзишгарони тоҷик Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев, Муллораҷаб Халифаев ва Муҳаммад Мирзоев дар сабқати мардон, инчунин Оишабону Қурбоналиева ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати занон дар нахустин қувваозмоиҳои худ шикаст хӯрданд.

Танҳо Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввал бар Лукас Рейтер (Австрия) ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Тсогтбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон) мағлуб гашт. Зимнан, гуштигири муғул бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, медали тилло ба даст овард.

Рӯзи дувуми мусобиқот, 18-уми март, се паҳлавони дигари тоҷик барои ҷоизаҳои “Тоскулоҳи бузург” мубориза бурданд. Мирзошариф Исматов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз Бекжан Абдуалиев (Қазоқистон), Ёқубҷон Назиров дар вазни то 90 кило дар даври муқаддамотӣ аз Дилшод Чориев (Узбекистон) ва дар ин вазн, инчунин Талабуддин Файзов дар даври аввал аз Адлет Миссин (Қазоқистон) шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Екатеринбург дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (6 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мақоми дувумро дастаи Русия бо касби 9 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ишғол намуд. Тими Бразилия бо касби 8 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифт.

Мусобиқот дар Екатеринбург баъди «Тоскулоҳи бузург» дар Парижи Фаронса ва Дюсселдорфи Олмон севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор мерафт. Мунтахаби Русия ба ҳайси мизбони мусобиқот аз ҳама сернуфузтарин буд. Русияро 53 варзишгар (28 мард ва 25 зан) намояндагӣ кард.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” дар Екатеринбург-2018:

МАРДОН

-60кг

1) Елдос Сметов (Қазоқистон)
2) Ислом Яшуев (Русия)
3) Беслан Мудранов (Русия)
3) Юма Ошима (Ҷопон)

-66 кг

1) Ҳифуми Абе (Ҷопон)
2) Яъқуб Шамилов (Русия)
3) Абдулло Абдулҷалилов (Русия)
3) Дмитрий Минков (Беларус)

-73 кг

1) Тсогтбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон)
2) Фердинанд Карапетян (Арманистон)
3) Фабио Базил (Италия)
3) Уалӣ Куржев (Русия)

-81кг

1) Сотаро Фуҷивара (Ҷопон)
2) Такеши Сасаки (Ҷопон)
3) Сайид Муллоӣ (Эрон)
3) Зебеда Рехвиашвили (Гурҷистон)

-90 кг

1) Александр Куколҷ (Сербия)
2) Егор Варапаев (Беларус)
3) Алтанбагана Гантулга (Муғулистон)
3) Николас Мигаи (Италия)

-100 кг

1) Ниёз Илёсов (Русия)
2) Тома Никифоров (Белгия)
3) Лаурин Боэҳлер (Австрия)
3) Диниел Мукете (Беларус)

+100 кг

1) Ҳёга Ота (Ҷопон)
2) Ҳенк Грол (Ҳолланд)
3) Тамерлан Башаев (Русия)
3) Рафаэл Силва (Бразилия)

ЗАНОН

-48 кг

1) Ҳироми Эндо (Ҷопон)
2) Пауло Парето (Аргентина)
3) Нарансесег Ганбаатар (Муғулистон)
3) Катарина Менс (Олмон)

-52 кг

1) Наталия Кузитина (Русия)
2) Эрика Миранда (Бразилия)
3) Ҷессика Перейра (Бразилия)
3) Рина Татсукава (Ҷопон)

-57 кг

1) Телма Монтейро (Португалия)
2) Чен-Линг Лин (Тайван)
3) Сумия Дорҷсурен (Муғулистон)
3) Момо Тамаоки (Ҷопон)

-63 кг

1) Аими Ноучи (Ҷопон)
2) Ҷуул Франссен (Ҳолланд)
3) Маелле Дикинтио (Фаронса)
3) Эдвиг Гвенд (Италия)

-70 кг

1) Мария Портела (Бразилия)
2) Таисия Киреева (Русия)
3) Барбара Матис (Хорватия)
3) Барбара Тимо (Бразилия)

-78 кг

1) Рика Такаяма (Ҷопон)
2) Луис Малзаҳн (Олмон)
3) Маяра Агуяр (Бразилия)
3) Анна Мария Вагнер (Олмон)

+78 кг

1) Лариса Серик (Босния ва Ҳерсеговин)
2) Мария Суелен Алземан (Бразилия)
3) Баитриз Соуза (Бразилия)
3) Каролин Веисс (Олмон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG