Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 16-18-уми март баргузор шуданд, дар ҷадвал тимҳои “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ пешсафанд.
Дастаи “Хуҷанд”, ки дар майдони худ тими “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард, бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми аввал қарор гирифт.
Тими нави лигаи олӣ - «Кӯктош» - низ 4 имтиёз ба даст овардааст. Вале бо назардошти таносуби тӯбҳо “Кӯктош” мақоми дувумро касб намудааст. Футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ дар даври дувум бозиро бо тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Инчунин бозии дигари даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ССКА “Помир”-и Душанбе, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бинобар ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар бозии охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Филиппин, ки 27-уми март дар Манила барпо мегардад, дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар ду ҳафта танаффус эълон шудааст. Бозиҳои даври севуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 31-уми март ва 1-уми апрел баргузор мешаванд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ
Даври 2-юм
«ХУҶАНД» – «ХАТЛОН» – 2:1
Гол: Агблей Ҷонс, 38 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 67 – аз пеналтӣ (2:0). Наврӯз Рустамов, 90+3 – аз пеналтӣ (2:1).
Огоҳонида шуданд: Хуршед Бекназаров, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), Далер Шомуродов, Холмурод Назаров («Хатлон»).
Бозигари беҳтарини дидор: Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
16-уми март. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1500 тамошогар.
«ПАНҶШЕР» – ССКА «ПОМИР» – 1:1
Голҳо: Фаррух Фузайлов, 61 (1:0). Абдухалил Боронов, 90+3 (1:1).
Огоҳонида шуданд: Маҳмуд Ғаюров, Сорбон Авғонов, Хайриддин Турахонов («Панҷшер»).
Бозигари беҳтарини дидор: Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
17-уми март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 800 тамошогар.
«КӮКТОШ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 1:1
Голҳо: Фирӯз Қараев, 32 (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 35 (1:1).
Огоҳонида шуданд: Сироҷиддин Аллаев, Саидхони Амрохон («Регар-ТадАЗ»).
Бозигари беҳтарини дидор: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Кӯктош»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
18-уми март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошгар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-4 |
4 |
2 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-2 |
4 |
3 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-1 |
3 |
4 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
2 |
0 |
2 |
0 |
4-4 |
2 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
0 |
2 |
0 |
1-1 |
2 |
6 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
7 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-3 |
1 |
8 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
0 |
0 |
2 |
2-5 |
0 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Агблей Ҷонс, Манучеҳр Аҳмадов (ҳарду – «Хуҷанд»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир») – 2-тӯбӣ.
Даври 3-юм
31-уми март (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
ССКА «Помир» – «Кӯктош»
«Хатлон» – «Панҷшер»
1-уми апрел (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:30
«Барқчӣ» – «Хуҷанд»
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»