Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти байналмилалии ҷудо (дзюдо) “Тоскулоҳи бузург”, ки рӯзи 17-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Русия барпо гардид, ба нокомӣ дучор шуда, аз ҷоизаҳо бенасиб монданд.
Се паҳлавони тоҷик - Мирзошариф Исматов, Ёқубҷон Назиров ва Талабуддин Файзов - барои ҷоизаҳои “Тоскулоҳи бузург” мубориза мебаранд.
Чунонки вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти «Тоскулоҳи бузург» дар Екатеринбург 251 варзишгар (152 мард ва 99 зан) аз 34 кишвар ширкат дорад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 варзишгар (8 мард ва 2 зан) дохил аст: Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев (ҳарду дар вазни то 60 кг), Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Муҳаммад Мирзоев ( ҳарду – 73 кг), Мирзошариф Исматов, (- 81 кг), Ёқубҷон Назиров, Талабуддин Файзов (ҳарду - 90 кг), Оишабону Қурбоналиева (-52 кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57 кг).
Рӯзи аввали мусобиқот – 17-уми март - занон дар чор вазн: то 48, то 52, то 57, то 63 кг ва мардон дар се вазн: то 60, то 66 ва то 73 кг рақобат карданд. Варзишгарони тоҷик Суҳроб Боқиев, Меҳрзод Сӯфиев, Муллораҷаб Халифаев, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Муҳаммад Мирзоев дар сабқати мардон, инчунин Оишабону Қурбоналиева ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати занон дар даврҳои интихобӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Имрӯз, 18-уми март, мусобиқот миёни занон дар се вазн: то 70, то 78, беш аз 78 кг ва байни мардон дар чор вазн: то 81, то 90, то 100 ва беш аз 100 кг баргузор мешавад.
Се паҳлавони тоҷик - Мирзошариф Исматов, Ёқубҷон Назиров ва Талабуддин Файзов - барои ҷоизаҳои “Тоскулоҳи бузург” мубориза мебаранд. Исматов дар вазни то 81 кило дар даври аввалл бо Бекжан Абдуалиев (Қазоқистон) қувваозмоӣ мекунад. Рақиби Назиров дар вазни то 90 кило дар даври муқаддамотӣ Дилшод Чориев (Узбекистон) мебошад. Дар ин вазн, инчунин Файзов дар даври аввал бо Адлет Миссин (Қазоқистон) вориди рақобат мешавад.
Мусобиқот дар Екатеринбург баъди «Тоскулоҳи бузург» дар Парижи Фаронса ва Дюсселдорфи Олмон севумин чорабинии имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад. Мунтахаби Русия ба ҳайси мизбони мусобиқот аз ҳама сернуфузтарин мебошад. Ба ҳайати он 53 варзишгар (28 мард ва 25 зан) шомил аст.
Аз рӯи натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқоти байналмилалӣ “Тоскулоҳи бузург” дар Екатеринбург мунтахаби Ҷопон бо касби 6 медал (3 тилло ва 3 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мақоми дувумро дастаи Русия бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) касб намудааст. Тими Муғулистон бо касби 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқоти байналмилалии “Тоскулоҳи бузург” дар Екатеринбург:
МАРДОН
-60кг
1) Елдос Сметов (Қазоқистон)
2) Ислом Яшуев (Русия)
3) Беслан Мудранов (Русия)
3) Юма Ошима (Ҷопон)
-66 кг
1) Ҳифуми Абе (Ҷопон)
2) Яъқуб Шамилов (Русия)
3) Абдулло Абдулҷалилов (Русия)
3) Дмитрий Минков (Беларус)
-73 кг
1) Тсогтбаатар Тсенд-Очир (Муғулистон)
2) Фердинанд Карапетиан (Арманистон)
3) Фабио Басилие (Италия)
3) Уалӣ Куржев (Русия)
ЗАНОН
-48 кг
1) Ҳироми Ендо (Ҷопон)
2) Пауло Парето (Аргентина)
3) Нарантсетсег Ганбаатар (Муғулистон)
3) Казарина Менз (Олмон)
-52 кг
1) Наталия Кузитина (Русия)
2) Эрика Миранда (Бразилия)
3) Ҷессика Перейра (Бразилия)
3) Рина Татсукава (Ҷопон)
-57 кг
1) Телма Монтейро (Португалия)
2) Чен-Линг Лиен (Тайван)
3) Сумия Дорҷсурен (Муғулистон)
3) Момо Тамаоки (Ҷопон)
-63 кг
1) Аими Ноучи (Ҷопон)
2) Ҷуул Франссин (Ҳолланд)
3) Маелле Дисинтио (Фаронса)
3) Эдвайҷ Гвенд (Италия)