Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пешниҳоди Русия, дар робита бознигарии низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кард.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 15 март дар Маскав гуфт, созишномае, ки сафари бидуни раводиди амрикиҳо ба Осиёи миёнаро таъмин мекунад, бояд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бознигарӣ шавад.
Қазоқистон ва Русия, якҷо бо Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия узви Иттиҳоди Авросиё мебошанд.
Анвар Ҷайнақов- сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 16 март гуфт, ки Иттҳоди иқтисодии Авросиё ташаккули сиёсӣ нест ва доираи фаъолияташ танҳо масоили иқтисодӣ аст".
"Ҷорӣ кардан ва ё лағви раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ салоҳияти ҳар як давлати мустақил аст...Вақто онҳо созишномаи Иттиҳоди Авросиёро таҳия карданд.. давлатҳои узв..розӣ шуданд, ки масоили марбут ба истиқлолият аз салоҳияти ин гурӯҳ берун аст",- гуфт Жаинақов.
Қазоқистон сафари шаҳрвандони Амрико, Олмон, Фаронса, Ҳолланд, Италия ва чанд давлати дигарро соли 2014 аз раводид озод кард ва ба онҳо ҳақ дод, то 15 рӯз бидуни гирифтани виза дар Қазоқистон бимонанд.
Остона баъдан ин 15 рӯзро ба 30 рӯз ва рӯйхати кишварҳои соҳиби имтиёзро ба 45 расонд.
Кишвари дигари узви Авросиё - Қирғизистон, аз соли 2012 ба ин тараф раводидро барои бахши умдаи шаҳрвандони давлатҳои Ғарбӣ, бо шумули ИМА, бекор ва будубоши онҳоро дар қаламрави кишвар 60 рӯз муқаррар кард.
Беларусия низ соли гузашта раводидро барои сафарҳои кӯтоҳи намояндагони 80 кишвар, бо шумули Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, лағв намуд.