Русия ба эълони таҳримҳои ҷавобӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода мешавад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи ҷумъа аз қавли муовини вазири умури хориҷӣ Сергей Рябков хабар дод. Рябков гуфтааст, ки Маскав рӯйхати сиёҳашро аз ҳисоби ворид кадани "гурӯҳи нави шахсиятҳои Амрико" комил мекунад. Дипломати рус иддао кард, ки таҳримҳои ҷавобӣ интихоби Маскав нест ва русҳоро ба ин амал гӯё сиёсати Вашинтон водор мекунад.
Рӯзи 15 март Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 шаҳрванди Русияро таҳрим кард, ки ба дахолат дар умури интихоботи соли 2016-и ИМА гумонбар шудаанд. Инҳо кормандони "Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ, ё "фабрикаи ҷавоб" ва ду ходими истихборот буданд.
Матбуот менависад, ки "фабрикаи ҷавоб" ба соҳибкори рус Евгений Пригожин рабт дорад, ки дӯсти президент Путин номбар мешавад. Мақомоти Русия дахолат дар умури интихоботи Амрикоро рад мекунанд.
Дар Амрико таҳқиқи созиши эҳтимолии тими интихоботии Доналд Трамп бо Маскав ҷараён дорад, ки онро прокурори махсус Роберт Мюллер пеш мебарад.