Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли қазияи таҷовузи эҳтимолии писари 7-сола. ВИДЕО


Писарбачаи 7-сола ҳамроҳи бибиаш Шарифа Ботирбекова.
Писарбачаи 7-сола ҳамроҳи бибиаш Шарифа Ботирбекова.

Дар Қазоқистон, ҷанҷол сари қазияи таҷовузи эҳтимолии як писари 7-сола идома дорад. Бибии писарак мегӯяд, бо вуҷуди онки борҳо ба мақомот аз озор дидани наберааш муроҷиат кард, аммо ба ӯ гуфтанд, кӯдак таҷовуз нашудааст ва иддаои ӯ асос надорад. Баъди ба матбуот роҳ ёфтани хабар, ҳоло мақомоти баландпоя ҳам аз паси таҳқиқи дурусти қазия шудаанд.

Қазияи таҷовузи эҳтимолии кӯдаки 7-сола сабаби барканории чанд маъмури милиса ва кормандони идораи маориф шуд.

Рӯзи 15-уми март ин кӯдакро барои ташхиси иловагӣ ба Остона оварданд. Ҳомиёни кӯдак гуфтанд, ки ӯву бибиашро, ки бо ҳадафи ташхиси тиббии мустақил ба Алмаато меомаданд, маъмурони милиса, аз қатор поин карда, ба идораи милиса овардаанд. Вале мақомот ин иддаоро рад карданд.

Ҷанҷоли таҷовузи писараки 7-сола баъди он шурӯъ шуд, ки бибиаш гуфт, ба мақомот аз кӯдакозории муҳассилини мактаби деҳаи Абайи ноҳияи Сариғоҷ шикоят кардааст, вале ба инобат нагирифтаанд. Баъди ба матбуот роҳ ёфтани қазия, мақомот масъаларо ҷиддӣ гирифтанд ва Загипа Балиева, намояндаи Омбудсмени кӯдак ваъда дод, ки қазия пурра таҳқиқ мешавад.

Ҷанҷоли "таҷовузи" писараки 7-сола калонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Қазияи таҷовузи эҳтимолии кӯдаки 7-сола сабаби барканории чанд маъмури милиса ва кормандони идораи маориф шуд. Дар як ҷаласаи ҳукумати вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Жансеит Туймебоев эътироф кард, ки қазияро мақомоти ноҳияи Сариоғоҷ дуруст тафтиш накарданд. Вай гуфтааст, "ҳангоми кори ташхис ва кори идораи маорифи ноҳия ва шӯъбаи умури дохилӣ хато роҳ додаанд. Мо маълум кардем, ки кор мувофиқи қонун сурат нагирифтааст."

Ба қавли кӯдак, муҳассилини мактаби деҳа ӯро аз моҳи сентябр озор медоданд. Бибиаш Шарифа Ботирбекова мегӯяд, ба мақомот муроҷиат кард, вале гуфтанд, кӯдак таҷовуз нашудааст. Волидони ноболиғони 14-солаи муттаҳам ба кӯдакозорӣ ин иддаоро рад мекунанд. Тафтиши қазия идома дорад.

XS
SM
MD
LG