Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин эълон шуд


Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигарони дастаро дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Филиппин эълон кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 23 бозигар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохил шудааст. Дар байни даъватшудаҳо панҷ легионер мебошад: дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгар Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия) ва Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия).

Вале Парвизҷон Умарбоев, ки дар ҳайати бошгоҳи «Локомотив» (Пловдив, Булғористон) бозӣ мекунад, ба иллати гирифтани кортҳои барзиёди зард наметавонад, ки муқобили Филиппин ширкат намояд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Филиппин:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Фирдавс Чақалов, Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров (ҳама – «Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Мадура Юнайтед», Индонезия), Ҷаҳонгир Алиев («Насаф», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Дилшод Восиев, Шериддин Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»).

СармураббӣҲаким Фузайлов.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Филиппин танҳо ғалаба қаноатманд мекунад.

Бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои мунтахаби миллии футболи Филиппин ва Тоҷикистон ҳакамон аз Австралия доварӣ менамоянд. Довари ФИФА Ҷарред Ҷиллетт сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанҳои ӯ - Антон Шетинин ва Рян Марк Галлагер - ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Эванс Шаун Роберти австралиягӣ бар дӯш дорад. Ҳасан Комронифар аз Эрон нозири доварон ва Гутам Кар аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бозии даври панҷуми мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими Яман бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал

ЯМАН – НЕПАЛ

XS
SM
MD
LG