Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Истиқлол” бо қаҳрамони Туркманистон дар Ҷоми AFC мусовӣ шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2018 бо тими «Алтин Асир»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Бозии даври дувуми гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Алтин Асир” ва “Истиқлол” бегоҳи имрӯз, 14-уми март, дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бидуни гол ба поён расид.

Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони тоҷик ташаббусро ба даст гирифта, ду гол заданд. Ҳисобро дар дақиқаи 50-ум ҳамлагар Николай Зенко, легионери “Истиқлол” аз Беларус, боз кард. Баъди нӯҳ дақиқа голи дувумро ҳимоятгар Аҳтам Назаров аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра зад.

Вале бозигарони “Истиқлол” ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар дақиқаи 90-ум Мурод Яхшиев ҳисобро тағйир дод – 1:2. Дар замони изофӣ – 90+3 – Олтинмурод Аннадурдиев голи дувуми мизбононро ба дарвозаи меҳмонон зада, дастаашро аз бохт наҷот дод.

Зимнан, дар ин бозӣ сардовар ба ду бозигар - Фатҳулло Фатҳуллоев (“Истиқлол”) дар дақиқаи 25-ум ва Аннасаҳет Аннасаҳедов (“Алтин Асир”) дар дақиқаи 34-ум - корти зард нишон дод.

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “D” рӯзи 13-уми март “Аҳал”-и Туркманистон дар майдони худ “Олой”-и Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Сулаймон Муҳадов ва Гуванч Абилов дуголӣ заданд. Як голи дигарро Нурёғдӣ Муҳаммадов ба ҳадаф расонд.

Ин бозии севуми “Истиқлол” бо “Алтин Асир” дар Ҷоми AFC ба шумор мерафт. Соли гузашта бозии аввали ин дастаҳо 4-уми апрел дар Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Ба голи дар дақиқаи 31-уми дидор задаи Ҷаҳонгир Алиев бозигари мизбонон Олтинмурод Аннадурдиев дар дақиқаи 49-ум посух дод. Бозии дувум 31-уми май бо пирӯзии дастаи мизбон – “Истиқлол” – бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голи ягонаро Дилшод Восиев дар дақиқаи 90-ум ба самар расонд.

Баъди натиҷагирии даври дувуми мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “D” “Алтин Асир” ва “Истиқлол” чоримтиёзӣ гирифтаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Алтин Асир” дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” дар ҷойи дувум қарор доранд. “Аҳал” бо сеимтиёз дар ҷойи севум мебошад. “Олой” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.

Бозиҳои даври севуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар гурӯҳи “D” 11-уми апрел баргузор мешаванд. Дар ин рӯз «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо «Олой» ва ду бошгоҳи Туркманистон – «Аҳал» ва «Алтин Асир» - дар Ишқобод бо ҳам рақобат мекунанд.

Ҷоми AFC-2018. Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 2-юм

«Алтин Асир» (Туркманистон) «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:2

Голҳо: Николай Зенко, 50 (0:1). Аҳтам Назаров, 59 – аз пеналтӣ (0:2). Мурод Яхшиев, 90 (1:2). Олтинмурод Аннадурдиев, 90+3 (2:2).

«Алтин Асир» (Ишқобод, Туркманистон): Мамед Оразмуҳамедов, Шӯҳрат Суюнов (Зафар Бобоҷонов, 62), Мекан Сафаров (Михаил Титов, 54), Олтинмурод Аннадурдиев, Салим Нурмуродов (Бегмурод Боев, 62), Мурод Яхшиев, Сардор Аннаоразов, Умедҷон Остонаев, Расул Хоҷаев, Мекан Ашӯров, Аннасаҳет Аннасаҳедов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сергей Тихоновский, Давронҷон Эргашев (Эҳсони Панҷшанбе, 83), Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нозим Бобоҷонов (Дилшод Восиев, 81), Николай Зенко.

Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), 25, Аннасаҳет Аннасаҳедов («Алтин Асир»), 34.

Бозигари беҳтарини дидор: Мурод Яхшиев («Алтин Асир»).

Сардовар: Алӣ Реда (Лубнон).

Нозири доварон: Авнӣ Абдул Карим Сайид Ҳассоунеҳ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Сайид Ал-Масрӣ (Сурия).

14 март. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт Топлумӣ». 8600 тамошогар.

«АҲАЛ» (ТУРКМАНИСТОН) – «ОЛОЙ» (ҚИРҒИЗИСТОН) – 5:0

Голҳо: Сулаймон Муҳадов - 27, 33, Гуванч Абилов - 36, 68, Нурёғдӣ Муҳаммадов, 90 .

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Алтин Асир» (Туркманистон)

2

1

1

0

8-5

4

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

2

1

1

0

3-2

4

3

«Аҳал» (Туркманистон)

2

1

0

1

5-1

3

4

«Олой» (Қирғизистон)

2

0

0

2

3-11

0

Ҷоми AFC-2018

Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ

Даври 1-ум, 7 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0

«Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6

Даври 2-юм

13 март (сешанбе)

““Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон) – 5:0

14 март (чоршанбе)

Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 2:2

Даври 3-юм, 11 апрел (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

Даври 4-ум, 25 апрел (чоршанбе)

«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

Даври 5-ум, 2 май (чоршанбе)

“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

“Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)

Даври 6-ум, 16 май (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон)

«Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG