Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёвуш Илёсов дар Паралимпиадаи зимистона охирин шуд


Сиёвуш Илёсов, варзишгари маълули тоҷик, дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ дар пойгаи лижаронӣ байни мардон ба масофаи 1,5 километр (Sprint Classic, Visually Impfired) дар даври интихобӣ дар мақоми охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуд.

Сиёвуш Илёсов ҳамроҳи мураббиаш Илҳомиддин Абдуллоев имрӯз, 14-уми март, дар пойгаи лижаронӣ ба масофаи 1,5 километр бо варзишгарони маълул аз Шведсия, Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Норвегия, Украина, Финляндия, Фаронса, Беларус, Полша, Қазоқистон, Ҷопон, Булғористон ва Кореяи Ҷанубӣ рақобат кард. Ӯ дар байни 20 нафар, ки ба марра расиданд, бо натиҷаи 9:31.34 ҷойи охиринро ишғол намуд.

Дар пойгаи лижаронӣ ба масофаи 1,5 километр миёни мардон дар даври интихобӣ Зебастян Модин аз Шведсия бо натиҷаи 3:56.32 мақоми аввалро азони худ кард. Ба ҷуз ӯ, боз ҳафт варзишгари дигар аз Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Норвегия, Украина, Финляндия ва Фаронса ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарон барои 80 маҷмуи медалҳо аз рӯи 6 ришта - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, кёрлинг ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд. Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок доранд.

Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхан бо ширкати варзишгарони 49 кишвар то рӯзи 18-уми март идома хоҳад кард. Дар чор рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 21 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд, аз он ҷумла намояндагони 12кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.

Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), ки 17 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар мақоми аввал аст. Варзишгарони паралимпии бетараф аз Русия бо 13 медал (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор доранд. Украина бо 15 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми севумро касб кардааст.

Ҳисоби медалҳо

Ҷ

Кишвар

Т

Н

Б

Ҳ

1

ИМА

6

6

5

17

2

Русия

5

5

3

13

3

Украина

5

4

6

15

4

Словакия

5

1

1

7

5

Фаронса

4

5

3

12

6

Олмон

4

5

1

10

7

Канада

4

1

5

10

8

Беларус

2

3

2

7

9

Ҳолланд

2

2

0

4

10

Швейтсария

2

0

0

2

11

Австралия

1

0

1

2

12

Финляндия

1

0

0

1

13

Британияи Кабир

0

3

1

4

14

Ҷопон

0

2

3

5

15

Италия

0

2

1

3

16

17

18

18

20

20

Австрия

Испания

Норвегия

Зеландияи Нав

Белгия

Кореяи Ҷанубӣ

0

0

0

0

0

0

1

1

0

0

0

0

2

1

2

2

1

1

3

2

2

2

1

1

XS
SM
MD
LG