Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозии дувумашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) - 2018 рӯзи 14-уми март муқобили тими «Алтин Асири»-и Ишқобод, қаҳрамони Туркманистон, баргузор мекунад.
Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “D” миёни дастаҳои “Алтин Асир” ва “Истиқлол” дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон рӯзи чоршанбе соати 16.30 шуруъ мешавад.
Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол», дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 13-уми март, дар Балканобод пеш аз бозӣ муқобили тими мизбон - “Алтин Асир” – доир шуд, гуфт, ки рақибон ҳамдигарро хуб медонанд. Вай афзуд, “моро бозии хеле мушкил дар пеш аст. Мо дар бораи рақибамон хуб иттилоъ дорем, дар навбати худ рақибамон моро нағз медонад. Мо ба «Алтин Асир» эҳтироми зиёд дорем ва фикр мекунам, ки бозӣ шавқовар мегузарад. Мо тамоми қувваамонро баҳри он сарф мекунем, ки ба натиҷаи бароямон қобили қабул даст ёбем. Бигузор зӯртарин пирӯз шавад!”
Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили «Алтин Асир»:
Дарвозабонҳо – Никола Стошич, Меҳвар Сулаймонов.
Ҳимоятгарон – Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Ромиш Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Алишер Шарипов.
Нимҳимоятгарон – Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Сергей Тихоновский, Амирбек Ҷӯрабоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов.
Ҳамлагарон – Дилшод Восиев, Комрон Турсунов, Николай Зенко.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 7-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими «Аҳал»-и Балканобод, ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. “Алтин Асир” бошад, дар даври аввал дар меҳмонӣ дастаи “Олой”-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 6:3 шикаст дод.
Баъди натиҷагирии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “D” дастаҳои “Алтин Асир” ва “Истиқлол” сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Алтин Асир” дар ҷойи аввал ва “Истиқлол” дар ҷойи дувум қарор доранд.
Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи “D” рӯзи 14-уми март “Аҳал” дар майдони худ бо “Олой” бозӣ мекунад.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки 7-уми март оғоз ёфт, 16-уми май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосӣ ё ниҳоии Ҷоми AFC-2018 рӯзи 27-уми октябр барпо мегардад.
Ҷоми AFC-2018
Гурӯҳи «D». Минтақаи Марказӣ
Даври 1-ум, 7 март (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Аҳал” (Туркманистон) – 1:0 «Олой» (Қирғизистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон) -3:6
Даври 2-юм, 14 март (чоршанбе)
“Алтин Асир” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Аҳал” (Туркманистон) - «Олой» (Қирғизистон)
Даври 3-юм, 11 апрел (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)
“Аҳал” (Туркманистон) – “Алтин Асир” (Туркманистон)
Даври 4-ум, 25 апрел (чоршанбе)
«Олой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Алтин Асир” (Туркманистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Даври 5-ум, 2 май (чоршанбе)
“Аҳал” (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) “Алтин Асир” (Туркманистон) – «Олой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум, 16 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – “Алтин Асир” (Туркманистон) «Олой» (Қирғизистон) – “Аҳал” (Туркманистон)
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда