Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Филиппин ва Тоҷикистонро австралиягиҳо доварӣ мекунанд


Бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои мунтахаби миллии футболи Филиппин ва Тоҷикистон ҳакамон аз Австралия доварӣ мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Ҷарред Ҷиллетт сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанҳои ӯ - Антон Шетинин ва Рян Марк Галлагер - ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Эванс Шаун Роберти австралиягӣ бар дӯш дорад. Ҳасан Комронифар аз Эрон нозири доварон ва Гутам Кар аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон 27-уми март дар Манила, дар Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ муқобили Филиппин танҳо ғалаба қаноатманд мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов нахустин бозиашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 ба мунтахаби Яман дар сафар бо ҳисоби 1:2 бохта буд. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон дар майдони худ аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум дар меҳмонӣ бар тими Непал бо ҳисоби 2:1 ва дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар тими Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бозии даври панҷуми мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо тими Яман бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Филиппин

5

2

3

0

11-7

9

2

Яман

5

1

4

0

5-4

7

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

9-7

7

4

Непал

5

0

2

3

2-9

2

Ҷоми Осиё-2019

Мусобиқоти интихобӣ. Гурӯҳи «F». Даври 6-ум

27 март (сешанбе)

Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе

ФИЛИППИН – ТОҶИКИСТОН

Сардовар: Ҷарред Ҷиллетт (Австралия).

Ёварони сардовар: Антон Шетинин, Рян Марк Галлагер (ҳарду – Австралия).

Довари эҳтиётӣ: Эванс Шаун Роберт (Австралия).

Нозири доварон: Ҳасан Комронифар (Эрон).

Комиссари бозӣ: Гутам Кар (Ҳиндустон).

Манила, Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал

ЯМАН – НЕПАЛ

XS
SM
MD
LG