Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои каммухлиси Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Дар бозиҳои даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзҳои 10-12-уми март дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор шуданд, шумораи тамошогарон хеле кам буд. Дар чаҳор бозӣ ҳамагӣ 1900 мухлис ҳузур дошт.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ба иллати омода набудани варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба мавсими нав, бозии кушоиши мусобиқоти имсола миёни тимҳои “Хатлон” (Бохтар) ва “Истиқлол” (Душанбе) рӯзи шанбеи 10-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 27-ум баргузор шудааст, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат дорад.

Бозӣ бо пирӯзии қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол” – бо ҳисоби 3:1 ба поён расид. Душанбегиҳо, ки аз оғози бозӣ ташаббусро ба даст гирифтанд, дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи бохтариҳо се гол заданд. Шериддин Бобоев дар дақиқаи 10-ум ҳисобро боз кард. Зимнан, ин аввалин голи мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. Голи дувумро ҳам Бобоев дар дақиқаи 37-ум ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи охирини нимаи аввал бозигари нави “Истиқлол” Комрон Турсунов ҳисобро афзун намуд – 3:0.

Баъди танаффус низ футболбозони “Истиқлол” бартарӣ доштанд, вале аз чандин лаҳзаҳои голзанӣ истифода карда натавонистанд. Панҷ дақиқа пеш аз хотимаи бозӣ футболбозони “Хатлон” имконият пайдо карданд, ки ҳисобро тағйир бидиҳанд - 3:1. Тӯбро аз ҷаримаи 11-метра Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расонд. Ҳамин тариқ, “Истиқлол” дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон аввалин пирӯзӣ ба даст оварда, се имтиёз гирифт.

Рӯзи якшанбеи 11-уми март ду бозии дигари даври аввали мусобиқот доир шуд. Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дастаи мизбон - «Барқчӣ» - бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба анҷом расид.

Бозии дигари даври муқаддамотӣ миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Голҳои ССКА “Помир”-ро Шодибек Ғаффоров, Абдухалил Боронов ва Шарафҷон Солеҳов заданд. Голҳои “Хуҷанд”-ро Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Аҳмадов (аз пеналтӣ) ва Агблей Ҷонс ба ҳадаф расонданд.

Бозии охирини даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва тими нави лигаи олӣ - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ – рӯзи душанбе, 12-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид. Бозӣ бо пирӯзии “Кӯктош” бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Ҳарду голи «Кӯктош»-ро легионерҳо аз Гана Принс Артур ва Идан Окран дар нимаи аввали дидор ба самар расониданд. Голи «Панҷшер»-ро дар нимаи дувуми бозӣ Хайриддин Турахонов зад. “Кӯктош” имконият дошт, ки ҳисобро афзун намояд, вале тӯби аз ҷаримаи 11-метра дар дақиқаи 86-ум задаи Идан Окран ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” ва “Кӯктош бо 3-имтиёзӣ пешсафанд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқот рӯзҳои 16-18-уми март баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа, 16 март, «Хуҷанд» дар майдони худ бо «Хатлон» рақобат менамояд. Рӯзи шанбе, 17-уми март, «Панҷшер» бо ССКА «Помир» ва рӯзи якшанбе, 18-уми март, «Кӯктош» бо «Регар-ТадАЗ» бозӣ мекунанд.

Дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 27-ум баргузор шудааст, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат дорад. Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

10 март (шанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» –- «ХАТЛОН» –- 3:1

Голҳо: Шериддин Бобоев, 10 (1:0). Шериддин Бобоев, 37 (2:0). Комрон Турсунов, 45 (3:0). Наврӯз Рустамов, 85 – аз пеналтӣ (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Александр Гарбар, Алишер Шарипов, Давронҷон Эргашев (Артём Барановский, 56), Табрези Давлатмир, Комрон Турсунов, Сергей Тихоновский (Аҳтам Назаров, 46), Муҳаммадҷон Раҳимов, Нозим Бобоҷонов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев.

«Хатлон» (Бохтар): Фатҳулло Бобоев, Холмурод Назаров, Алишер Баротов (Муҳаммад Насков, 46), Наимҷон Иброҳимзода (Аваз Камчинов, 82), Далер Шомуродов, Умарҷон Шарипов, Мухтор Ортиқов, Ҷамолиддин Зардиев, Отабек Каримов, Парвиз Охунов, Наврӯз Рустамов.

Огоҳонида шуданд: Александр Гарбар («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»).

Бозигари беҳтарини дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

10 март. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.

11 март (якшанбе)

ССКА «ПОМИР» – «ХУҶАНД» - 3:3

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 11 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 22 (1:1). Манучеҳр Аҳмадов, 35 - аз пеналтӣ (1:2). Агблей Ҷонс, 38 (1:3). Абдухалил Боронов, 75 (2:3). Шарафҷон Солеҳов, 79 (3:3).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Шодибек Ғаффоров (ССКА "Помир"), 69 - дарвозабон.

ССКА «Помир» (Душанбе): Алиакбар Ахакӣ, Зоир Ҷӯрабоев, Идибек Ҳабибуллоев, Шамсиддин Қосимов (Сӯҳроб Ҷалилов, 90+2), Комрони Мирзохон, Шарафҷон Солеҳов, Комрони Мирзонаҷот, Расул Пайзов, Абдухалил Боронов, Шодибек Ғаффоров, Мӯҳсинҷон Абдуғаффоров.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Фирдавс Чақалов (Соҳибҷон Ҳакимов, 90+1), Бахтиёр Чориев, Эҳсон Бобоев, Ҳикматулло Расулов (Фурқатҷон Ҳасанбоев, 73), Ҳасан Рустамов (Меҳроҷ Шарифзода, 80), Агблей Ҷонс, Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳонида шуданд: Идибек Ҳабибуллоев, Шодибек Ғаффоров, Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарини дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).

11 март, Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 400 тамошобин.

«БАРҚЧӢ» – «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0:0

«Барқчӣ» (Ҳисор): Шоҳрух Қирғизбоев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Шервонӣ Мабатшоев, Оятулло Сафаров, Саидмухтор Азимов, Абдулмуъмин Забиров, Далер Ёдгоров, Шаҳром Самиев (Атҳамҷон Абдуллоев, 86), Нуриддин Ҳамроқулов (Тоҳир Малодӯстов, 61).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Рустам Ризоев, Сироҷиддин Аллаев, Ойбек Абдуғаффоров (Хайрулло Азизов, 68), Саидамири Саидаҳмад, Бахтиёр Азимов, Сафаралӣ Каримов, Элдор Эргашев, Исломбек Бойтураев (Акбар Бобомуродов, 75), Вайсиддин Сафаров, Фирӯз Қараев, Фирӯз Раҳматов (Амирҷон Сафаров, 62).

Огоҳонида шуданд: Оятулло Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Нуриддин Ҳамроқулов, Маҳмадзарифи Абдураҳим («Барқчӣ»), Сафаралӣ Каримов, Элдор Эргашев, Вайсиддин Сафаров, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини дидор: Шервонӣ Мабатшоев («Барқчӣ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

11 март, Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 300 тамошобин.

12 март (душанбе)

Оғози бозӣ– соати 14:00

«ПАНҶШЕР» – «КӮКТОШ» - 1:2

Голҳо: Принс Артур, 27 (0:1). Идан Окран, 28 (0:2). Хайриддин Турахонов, 69 (1:2).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд: Идан Окран («Кӯктош»), 86 – сутуни дарвоза.

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ): Сафар Наботов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Алишери Ҳотам, Равшан Азизов, Хушбахт Миров, Шавкат Худойназаров, Ҳасан Холов (Маҳмуд Ғаюров, 46), Фаррух Фузайлов, Сорбон Авғонов, Хайриддин Турахонов, Суннатулло Холов (Алишер Салимов, 46).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов, Аҳтам Холбоев, Принс Артур, Асилҷон Мансуров, Фахриддин Сафарзода, Абдурасул Раҳмонов (Азизбек Султонов, 58), Идан Окран, Одил Бобоназаров, Шоҳназар Назаров, Маҳмадалӣ Содиқов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 63), Муҳиддин Одилов (Муҳаммадҷон Раҳмонов, 82).

Огоҳонида шуданд: Алишери Ҳотам, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Шавкат Худойназаров («Панҷшер»), Абдурасул Раҳмонов, Идан Окран, Асилҷон Мансуров («Кӯктош»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Равшан Азизов («Панҷшер»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Кӯктош»), 66 – ҳарду барои рафтори ношоиста.

Бозигари беҳтарини дидор: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

12 март, Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ, 1000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

3-1

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

2-1

3

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

1

0

3-3

1

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

1

0

1

0

3-3

1

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

0-0

1

6

«Барқчӣ» (Ҳисор)

1

0

1

0

0-0

1

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

1

0

0

1

1-2

0

8

«Хатлон» (Бохтар)

1

0

0

1

1-3

0

Нишонзан: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 2 тӯб.

Даври 2-юм

16 март (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 14:30

«Хуҷанд» – «Хатлон»

17 март (шанбе)

Оғози бозӣсоати 14:30

«Панҷшер» – ССКА «Помир»

18 март (якшанбе)

Оғози бозӣсоати 14:30

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

XS
SM
MD
LG