Дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ, ки дар Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ 9-уми март оғоз ёфт, 567 варзишгар аз 49 кишвар барои 80 маҷмуи медалҳо дар 6 намуд то рӯзи 18-уми март мубориза мебарад.
Дар рӯзи аввали мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо – 10-уми март - варзишгарони 15 кишвар соҳибони медалҳо гардиданд, аз он ҷумла намояндагони 8 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.
Мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), ки 5 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст овардааст, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи сифати медалҳо дар мақоми аввал аст. Фаронса бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ва тими “Варзишгарони паралимпии бетараф” аз Русия бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) дар мақоми дувум қарор доранд. Украина бо 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми чорум ва Канада бо 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми панҷумро касб кардаанд.
Паралимпиада-2018: ҳисоби медалҳо - 10 март
1. ИМА – 5 медал (тилло – 3, нуқра – 1, биринҷӣ– 1)
2. Фаронса – 3 медал (тилло – 2, нуқра – 1)
2. Варзишгарони паралимпии бетараф (Русия) – 3 медал (тилло – 2, нуқра – 1)
4. Украина – 5 медал (тилло – 1, нуқра – 1, биринҷӣ – 3)
5. Канада – 4 медал (тилло – 1, нуқра – 1, биринҷӣ – 2)
6. Олмон – 2 медал (тилло – 1, нуқра – 1)
6. Словакия – 2 медал (тилло – 1, нуқра – 1)
8. Швейтсария – 1 медали тилло
9. Беларус – 4 медал (нуқра – 2, биринҷӣ – 2)
10. Ҷопон – 2 медали нуқра
11. Британияи Кабир – 1 медали нуқра
12. Австрия – 1 медали биринҷӣ
12. Белгия – 1 медали биринҷӣ
12. Италия – 1 медали биринҷӣ
12. Зеландияи Нав – 1 медали биринҷӣ
Дар Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарон аз рӯи 6 ришта - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, кёрлинг ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд. Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок доранд.
Сиёвуш Илёсови 28-сола танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ намояндагӣ мекунад. Ӯ ҳамроҳи мураббиаш Илҳомиддин Абдуллоев рӯзи чоршанбе, 14-уми март, дар пойгаи лижаронӣ байни мардон ба масофаи 1,5 километр (Sprint Classic, Vis Imp) дар даври интихобӣ вориди рақобат мешавад.