Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 10-уми март, бо бозии тимҳои «Хатлон»-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе шуруъ мешавад.
Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ), ба иллати омода набудани варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба мавсими нав, бозии кушоиши мусобиқоти имсола миёни тимҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад. Мувофиқи тавофуқи дастаҳо, бозии ниҳоии давраи аввал миёни “Истиқлол” ва “Хатлон”дар шаҳри Бохтар баргузор хоҳад шуд.
Боз ду бозии даври аввали мусобиқот дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор сурат мегирад. Дар ин варзишгоҳ рӯзи якшанбе, 11-уми март, «Барқчӣ»-и Ҳисор бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва рӯзи душанбе, 12-уми март, «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ бо тими нави лигаи олӣ - «Кӯктош»-и Рӯдакӣ – рақобат мекунанд.
Бозии дигари даври муқаддамотӣ миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо мегардад.
Дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 27-ум сурат мегирад, монанди соли гузашта ҳашт даста ширкат меварзад. Мусобиқоти имсола низ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
10 март (шанбе)
Оғози бозӣ– соати 16:30
«ХАТЛОН» – «ИСТИҚЛОЛ»
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
11 март (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
ССКА «ПОМИР» – «ХУҶАНД»
Сардовар: Некрӯз Умаров (Бохтар).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«БАРҚЧӢ» – «РЕГАР-ТАДАЗ»
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
12 март (душанбе)
Оғози бозӣ– соати 14:00
«ПАНҶШЕР» – «КӮКТОШ»
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ