Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ афрӯхта шуд


Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ рӯзи ҷумъаи 9-уми март дар варзишгоҳи Олимпии Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид.

Маросими пуршукӯҳ бо суруди миллии Кореяи Ҷанубӣ ва барафрохтани парчами давлатии кишвари мизбони Бозиҳо шурӯъ шуд. Пас аз он, мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, ки яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешуд, доир гашт.

Нахуст дар ин маросим Раиси Кумитаи тадорукоти Олимпиада ва Паралимпиадаи Пхёнчхан-2018 Ли Хи Бим суханронӣ карда, ширкаткунандагони Бозиҳо, тамошобинону меҳмононро бо оғози Бозиҳо табрик намуд.

Баъдан Президенти Кумитаи байналмилалии паралимпӣ Эндрю Парсонс зимни суханрониаш дар ин маросим гуфт, "паралимпичиён, шумо дар ин ҷо бо шумораи рекордӣ ширкат доред. Рақобатҳоро идома бидиҳед, ҳалол бозӣ кунед, хурсандӣ намоед ва ҳудуди имкониятҳои хешро васеъ кунед. Пеш аз ҳама, орзу карданро идома бидиҳед ва орзуҳои шумо метавонанд, ки амалӣ шаванд".

Сипас Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ кушода эълон гардид ва оташи олимпӣ даргиронда шуд, ки он дар варзишгоҳи Олимпии Пхёнчхан 10 рӯз фурӯзон хоҳад буд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ бо мушакпарронии идона ба итмом расид. Дар ин маросим президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ин ва раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ҳузур доштанд.

Паралимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан бо ширкати 567 варзишгар аз 49 кишвар то рӯзи 18-уми март идома хоҳад кард. Варзишгарон барои 80 маҷмуи медалҳо аз рӯи 6 ришта - биатлон, лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, сноуборд, кёрлинг ва слеҷ-ҳоккей – рақобат мекунанд. Гурҷистон, Кореяи Шимолӣ ва Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ як варзишгар - Сиёвуш Илёсов – дар пойгаи лижаронӣ намояндагӣ мекунад. Ӯ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро бардошта буд.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон, инчунин президенти Кумитаи миллии паралимпӣ Сафар Боев, мураббӣ Илҳомиддин Абдуллоев, раҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов дохиланд.

“Маблағи хароҷот барои ширкати аъзои ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII зимистонаи паралимпӣ дар Пхёнчхан комилан аз ҳисоби Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пардохт шудааст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳайати моро бо либоси варзишӣ таъмин намудааст”, - гуфт дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Сафар Боев.

Дар Паралимпиадаи зимистонаи соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама ҳайати сернуфузтарин мебошад, ки аз 158 нафар, минҷумла 68 варзишгар иборат аст. Варзишгарони дастаҳои мунтахаби Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Норвегия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи ҳамаи шаш намуди варзиш, ки ба барномаи Паралимпиадаи зимистона дохил аст, рақобат мекунанд.

Бояд гуфт, ки Кумитаи байналмилалии паралимпӣ 29-уми январи имсол муҳлати хориҷ намудани Кумитаи паралимпии Русияро ба иллати истифодаи маводи нерӯафзои барои варзишгарон мамнуъ дар Бозиҳо дар Сочи тамдид кардааст. Бинобар ин, ҳудуди 30 варзишгар аз Русия дар Бозиҳои паралимпӣ дар Пхёнчхан дар ҳайати “варзишгарони паралимпии бетараф” (NPA) ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG